ДУШАНБЕ, 26 мар - Sputnik. Мувофиқи фармоне, ки дар сомонаи расмии санадҳои ҳуқуқӣ нашр шудааст, аз 1 апрел ба шахсони воқеӣ бтертун бтартотвартданит асъори нақди русӣ аз Русия ба кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё манъ карда мешавад.
Шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ новобаста аз маблағ наметавонанд асъорро берун бароранд.
Истисно берун баровардани пули нақд тавассути фурудгоҳҳои байналмилалии Русия мебошад, ки аз ҷониби ҳукумат муайян карда шудаанд.
Тавассути фурудгоҳҳо бо пешниҳоди ҳисоботи бонкӣ ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳои дигар, ки рӯйхати онҳоро ҳукумати Русия тасдиқ кардааст, берун баровардани пули нақд иҷозат дода мешавад.
Ҳамчунин эълон карда шуд, ки аз 1 май берун баровардани тилло, ки вазни беш аз 100 грамм аст ва аз Русия аз ҷониби шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ берун бароварда мешавад манъ карда мешавад.
Аммо, дар ҳамин ҳолат ҳам як қатор истисноҳо мавҷуданд.
Ёдовар мешавем, ки Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ИИАО) - созмонест, ки дар он Русия нақши барҷаста дорад ва ин созмон Қазоқистон, Қирғизистон, Белорус, Арманистон ва Русияро муттаҳид месозад.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё – ташкилоти байналмилалии иқтисодӣ буда, барои босамар пешравии ҷараёни иттифоқи гумрукӣ ва минтақаи озоди иқтисодӣ ва боз барои иҷрокунии дигар мақсадҳо ва вазифаҳое ки бо ҷараёни интегратсиони дар соҳаи иқтисодӣ ва башардӯстона вобаста мебошанд, таъсис шудааст.