ДУШАНБЕ, 17 мар - Sputnik. Аз 23 то 28 март дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон нахустин маротиба Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад.
Дар ин бора вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин ҳамоиши сатҳи баланд аз Тоҷикистон 38 нафар ҳунарнамоӣ мекунанд.
Қайд карда шудааст, ки аз ин шумора се нафарашон ба ҳайати довталабони байналмилалӣ шомил мегарданд.
“Намояндагони Тоҷикистон дар равияҳои академӣ, эстрада, созҳои миллӣ, овозхонӣ ва рассомӣ иштирок мекунанд”, - таъкид кардааст вазорати фарҳанги кишвар.
Дар назар аст, ки дар доираи Бозиҳои Делфии ҷавонони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай конфронси байналмилалӣ таҳту унвони "Бозиҳои Делфи як василаи муассир барои дастгирии истеъдодҳои ҷавон, рушди соҳаҳои эҷодӣ ва сайёҳӣ дар давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад" доир шавад.
Ёдовар мешавем, ки ҳамасола Бозиҳои Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.
Тоҷикистон нахустин маротиба аз 15 то 17 октябри соли 2022 мизбони Бозиҳои 16-уми Делфии ҷавонони кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гардид.
Дар он зиёда аз 400 нафар истеъдодҳои ҷавони аз 10 то 25-сола аз тамоми кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок намуданд.