ДУШАНБЕ, 15 мар – Sputnik. Тибқи ҳисобҳои Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон, додугирифт байни Узбекистон ва Тоҷикистон метавонад боз 30-40% афзоиш ёбад.
Ба гуфтиа ин Марказ тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ пеш аз ҳама аз рушди ҳамкории саноатӣ байни ду кишвар вобастааст.
Хуршед Асадов, муовини директори Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳоти Узбекистон ахиран дар Тошканд зимни конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ "Ӯзбекистон – Тоҷикистон: дурнамои нави ҳамкории иттифоқӣ ва минтақавӣ" гуфт, ки муносибатҳои ду кишвар дар солҳои охир ба сатҳи сифатан нав расидаанд.
Вай гуфт, созишномаҳо дар бораи шарикии стратегӣ ва муносибатҳои иттифоқӣ заминаи институтсионалиро барои тақвияти ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ва тақвияти робитаҳои дуҷониба фароҳам овардаанд.
Тибқи ҳисобҳои ин Марказ, дар байни солҳои 2017 ва 2025 гардиши тиҷорати мутақобила байни Узбекистон ва Тоҷикистон 3,8 маротиба афзуда, аз 238 миллион доллар то 912 миллион доллар расидааст. Ғайр аз ин, содироти Узбекистон 3,7 маротиба ва воридот аз Тоҷикистон беш аз чор маротиба афзоиш ёфтааст.
Тоҷикистон айни замон яке аз шарикони калидии минтақавии Узбекистон ба ҳисоб рафта, дар байни воридкунандагони маҳсулоти Узбекистон дар ҷои нуҳум қарор дорад.
Аммо, тавре ки коршиносони Маркази тадқиқоти иқтисодӣ ва ислоҳот қайд кард, нишондиҳандаҳои мавҷуда танҳо қисме аз имкониятҳои ҳамкории иқтисодиро инъикос мекунанд. Онҳо тахмин мезананд, ки додугирифти ду кишвар метавонад, боз 30-40% афзоиш ёбад.
Коршинос таъкид кард, ки наздикии ҷуғрофии ду кишвар, марзи муштарак ва инфрасохтори нақлиётии рушдёфта шароити мусоидро барои густариши минбаъдаи робитаҳои тиҷоратӣ фароҳам меорад.
Хуршед Асадов таъкид кард, ки имкониятҳои назаррас дар соҳаи ҳамкории саноатӣ низ боқӣ мемонанд. Аз ҷумла, таъсиси корхонаҳои муштараки коркард дар минтақаҳои наздисарҳадӣ, пеш аз ҳама дар коркарди ашёи хоми кишоварзӣ ва рушди марказҳои агрологистикӣ, метавонад самти умедбахш бошад.
Ба гуфтаи Асадов, беҳтар кардани минбаъдаи инфрасохтори нақлиёт ва густариши иқтидори транзитии кишварҳои Осиёи Марказӣ метавонад ба рушди робитаҳои иқтисодӣ мусоидат кунад.
Вай қайд кард, ки сатҳи кунунии муносибатҳои иттифоқӣ байни Узбекистон ва Тоҷикистон заминаи мустаҳкамеро барои гузариш ба модели амиқтари ҳамкории иқтисодӣ, ки ба сармоягузории муштарак, рушди ҳамкории саноатӣ ва модернизатсияи инфрасохтори минтақавӣ нигаронида шудааст, фароҳам меорад.
Ин, дар навбати худ, метавонад омили муҳим дар тақвияти робитаҳои иқтисодӣ ва рушди устувор дар саросари Осиёи Марказӣ гардад.