Далер Ҷумъа: лоиҳаи CASA-1000 яке аз ташаббусҳои калидии ҳамгироии энергетикии минтақа аст

Ба гуфтаи вазири энергетикаи кишвар, Тоҷикистон ба пешбурди босамари ин лоиҳаи CASA-1000 аҳамияти махсус медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Ҳайати кишвар таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа дар муколамаи сатҳи баланд вобаста ба татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли неруи барқи "CASA-1000" иштирок намуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Ин муколамаи сатҳи баланд дар шаҳри Людвика (Шветсия)баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, дДар ин ҳамоиш, инчунин намояндагони кишварҳои узви лоиҳаи CASA-1000, инчунин роҳбарият ва мутахассисони ширкатҳои пудратчӣ, ки корҳои сохтмони истгоҳҳои конверториро дар Тоҷикистон (Сангтӯда) ва Покистон (Навшера) анҷом доданд, "HITACHI ENЕRGY" (Шветсия) ва "Cobra Instalaciones y Servicios S.A." (Испания) ширкат доштанд.
Далер Ҷумъа бо вазири энержии Покистон Сардар Леғарӣ пешбурди лоиҳаи "CASA - 1000"-ро баррасӣ кард.
‎Далер Ҷумъа дар суханронии худ зикр намудааст, ки Тоҷикистон ба пешбурди босамари ин лоиҳаи муҳим аҳамияти махсус медиҳад.
“Зеро лоиҳаи "CASA-1000" яке аз ташаббусҳои калидии ҳамгироии энергетикии минтақа ба рушди савдои барқ, таҳкими амнияти энергетикӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодии байни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ мусоидат менамояд”, - гуфт вазири энергетикаи Тоҷикистон.
‎Ҳамчунин қайд карда шудааст, ки зимни ҷаласа масъалаҳои ҷойдошта дар доираи лоиҳа баррасӣ шуданд.