ДУШАНБЕ, 3 мар - Sputnik. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров изҳор дошт, ки бӯҳрон дар атрофи Эронро метавон танҳо бо роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ҳал кард.
"Ман мутмаинам, ки механизмҳо танҳо метавонанд сиёсӣ ва дипломатӣ бошанд", - гуфт ӯ дар нишасти матбуотӣ.
Сергей Лавров зимни нишасте изҳор дошт ки Эрон ҳамчун як узви Паймони манъи паҳншавии силоҳи ҳастаӣ, ҳаққи ҷудонашавандаи ғанӣ гардонидани уран дорад.
Вай гуфт, дар ҷаҳон танҳо аз Эрон талаб кардаи қатъи ғанисозӣ ғайривоқеӣ аст.
Вай инчунин таъкид кард, ки пеш аз ҳама, низоъ дар Ховари Миёна, ҳар гуна амалиёти низомӣ, ки боиси талафоти ҷонӣ миёни мардуми осоишта мегардад, бояд фавран қатъ карда шавад.
Оқои Лавров эҳтимолияти онро рад накард, ки амалҳои ИМА метавонанд боиси пайдоиши нерӯҳое дар Эрон шаванд, ки тарафдори ба даст овардани бомбаи ҳастаӣ ҳастанд ва хатари аз назорат берун шудани масъалаи манъи паҳншавии силоҳи ҳастаиро афзоиш медиҳанд.
Вазири рус афзуд, ки Русия баҳонаҳои ИМА-ро барои оғози амалиёти худ дар Эрон зери суол мебарад ва то ҳол дар бораи ҳадафҳои дақиқи ИМА дар Эрон равшанӣ нест.
Вазири хориҷаи Русия пешниҳод кард, ки ИМА амалиёти худро ба Венесуэла, Куба ва Эрон маҳдуд намекунад.