Ҷашни имсолаи Масленитса дар донишгоҳ бо ҳузури меҳмонони хориҷӣ, ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни муассисаи таълимӣ ва намояндагони васоити ахбор омма баргузор шуд.
Ҳар кадоме аз факултаҳо мизи алоҳида ороста, дар онҳо ғизои асосии ин ид – чалпак (блини) мақоми хосса дошт.
Ҳамчунин ба ин муносибат донишҷӯён барномаи идона намоиш доданд.
Масленитса як иди қадимаи славянӣ буда, он аз даврони оташпарастӣ ҳифз шудааст.
Ин ид ҳамчун рамзи баробарии шабу рӯз таҷлил мешавад.
Масленитса қабл аз "Великий пост" (Рӯзаи бузург) дар дини православиҳо қайд мегардад. Ин ид одатан дар охири зимистон ва аввали баҳор иттифоқ меафтад.
Тибқи тақвим Масленитса 56 рӯз пеш аз "Иди пок" (Пасха) баргузор мегардад. Ин ид ба пешвози баҳор ташкил мешавад. Чалпак (блин)-е, ки сари миз гузошта мешавад, рамзи Офтобро дорад.
Таҷлили ин ид Донишгоҳи славянии Русия ва Тоҷикистон чӣ гуна гузашт дар гузориши видеоиии Sputnik Тоҷикистон тамошо кунед.