Устувории беш аз 15 дарсадии қурби сомонӣ нисбати доллар дар Тоҷикистон

Бонки миллии Тоҷикистон эълон кард, ки дар соли 2025 қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА ба андозаи 15,4 фоиз устувор гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 фев — Sputnik. Дар соли 2025, Бонки миллии Тоҷикистон сиёсати қурбиро дар реҷаи “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дод.
Дар ин бора Фирдавс Толибзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотӣ хабар дод.
Ба гуфтаи вай, қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари ИМА дар соли ҳисоботӣ 15,4% устувор шуд.
“Бо назардошти вазъи иқтисодии ҷаҳонӣ, қурби расмии асъори миллии аксари шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ нисбат ба доллар тағйир ёфт”, - гуфт Толибзода.
Маоши миёнаи меҳнат дар Тоҷикистон 20% баланд шуд
Ба гуфтаи раиси Бонки миллӣ рубли русӣ нисбат ба доллар 23,07%, Суми узбекӣ 6,93% ва юани чинӣ 2,22% устувор гардид.
Айни замон, арзиши лираи туркӣ нисбат ба доллар 21,49% ва соми қирғизӣ 0,48% коҳиш ёфт.