Раҳмон ба варзишгарон ва мураббиён аз фондаш беш аз 2 млн. сомонӣ мукофотпулӣ ҷудо кард

Раисҷумҳури Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳо амр кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 фев — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон варзишгарони тоҷикро барои дастовардҳояшон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, қадрдонӣ кард.
Тавре Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст, Эмомалӣ Раҳмон ба Вазортаи молия фармон додааст, ки ба Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши Тоҷикистон барои мукофотонидани 67 ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва мураббиёни онҳобеш аз 2 млн сомонӣ ҷудо кунад.
Қайд карда шудааст, ки ҷоизаи Президенти Тоҷикистон танҳо ба ғолибон, ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ ва муррабиёни онҳо тақдим мегардад.
Тибқи амри мазкур ҷоизаи Президенти Тоҷикистон ба 67 варзишгар аз рӯйи 8 намуди варзиш, аз ҷумла гӯштини ҷудо, гӯштини тарзи озод, гӯштини юнонӣ-румӣ, бокс, қаиқронӣ, таэквандо (ВТ), самбо ва кикбоксинг тақдим карда мешавад.
Ҳайати Тоҷикистон ҷиҳати иштирок ба Бозиҳои ИДМ-2025 вориди Озарбойҷон шуд, иттилоъ додааст Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш.
Маблағи умумии ҷоизаҳо 2 миллиону 40 ҳазор сомониро ташкил дода, барои як варзишгар вобаста ба натиҷаи варзишӣ то 150 ҳазор сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Хадамоти матбуоти Тоҷикистон қайд кардааст, ки дар заминаи қадршиносиҳои мазкур сол то сол натиҷаҳои варзишии варзишгарони кишварамон афзун гардида, ба хазинаи варзишии кишвар дар ин давра 510 медал, аз ин 140 тилло, 166 нуқра ва 204 биринҷӣ ворид гардидааст.