ДУШАНБЕ, 10 фев — Sputnik. Қамчибек Тошиев аз мақоми раиси Кумитаи амнияти давлатии Қирғизистон ва муовини сарвазир барканор карда шуд.
Фармонро президент Содир Ҷабборов имзо кардааст.
"Барои пешгирӣ аз тафриқа дар ҷомеа ва байни ниҳодҳои давлатӣ",- шарҳ дод раисҷумҳури Қирғизистон истеъфои Тошиевро аз мақоми раиси КДАМ.
"Ин қарор ба манфиати давлати мост”,- хабар дод Котиби матбуотии президент.
Ҳамчунин якҷо бо Тошиев, се муовинаш низ ба истеъфо фиристода шуданд.
Ба ҷойи Тошиев раисҷумҳури Қирғизистон Ҷумгалбек Шабданбеков, ки то ин лаҳза сардори хадамоти 9-ум ва муовини раиси КДАМ-и Қирғизистон буд, таъин намудааст.
Номзадии Ҷумгалбек Шабданбеков 55 сола ба парлумон барои тасдиқ ирсол шудааст.
Ёдовар мешавем, ки Тошиев дар музокироти Тоҷикистону Қирғизистон барои ҳалли баҳси марзӣ низ аз чеҳраҳои калидӣ буд.
Оқои Тошиев аз ҷониби кишвари ҳамсоя роҳбарии ҳайати музокиротро ба зимма дошт ва чанд маротиба ба Тоҷикистон сафар кардаву бо ҳамтои тоҷикаш мулоқот карда буд.