ДУШАНБЕ, 27 янв - Sputnik. Дар ҳудуди Тоҷикистон бо маблағи беш аз 388 миллион сомонии муҳоҷирон ва ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ бунёд гардидааст.
Дар ин бора Камолиддин Муминзод, раиси Кумитаи рушди маҳал зимни нишасти матбуотӣ хабар дод.
Вай гуфт, ки тамоми ин иншоотҳо дар давоми соли 2025 сохта ва ба истифода дода шудааст.
“Аз ҷониби ҳамватанони бурунмарзӣ 288 иншоот бо маблағи 388 миллиону 134 ҳазор сомонӣ сохта шудаанд. Ба шумули ин иншооти ҷамъиятиву иқтисодӣ - майдончаҳои варзишӣ, боғчаву мактаб, ошхонаву меҳмонхона ва корхонаҳои саноатӣ дохил мешаванд. Бунёду мумфарш кардани роҳҳо ҳам дар ин ҳисоб дохил мешаванд”, - гуфт Муминзод.
Ҳамччунин оқои Муминзод таъкид кард, ки иншооти мазкур танҳо бо пули муҳоҷирони меҳнатӣ сохта нашудааст, саҳми тоҷиконе, ки дар хориҷи кишвар соҳибкоранд ё душаҳрвандӣ доранд, низ ҳаст.
Ёдовар мешавем, ки ахиран раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ ба парлумон аз ҳамватанони бурунмарзӣ ва муҳоҷирон, ки дар бунёди иншоотҳои муҳими иҷтимоӣ иқтисодӣ, аз ҷумла бунёди мактаб, бунгоҳҳои тиббӣ, роҳҳо, ва пулҳо саҳм мегузоранд изҳори сипос карда буд.
Вай гуфт тайи се соли охир дар кишвар беш аз 3 ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ, аз ҷумла 2,6 ҳазор километр аз ҳисоби соҳибкорон ва аҳолӣ бунёду таҷдид гардида, ҳоло ин иқдоми нек бомаром идома дорад.