Тоҷикистон бо ширкати “ACWA Power”-и АМА сохтмони неругоҳҳои офтобиро баррасӣ кард

Масъулини вазорати энергетика бо роҳбарияти ширкати "ACWA Power" бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар ҷумҳурӣ баррасӣ карданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 янв - Sputnik. Баррасии масъалаи бунёди нерӯгоҳи офтобӣ бо роҳбарияти ширкати “ACWA Power” дар ҳошияи чорабинии Ҳафтаи рушди устувори Абу Забӣ – 2026 сурат гирифт.
Дар ин бора вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон хабар додааст.
Дар мулоқоти мазкур муовини вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Манучеҳр Сафарзода бо Президенти ширкати "ACWA Power" дар Осиёи Марказӣ Абид Малик масъалаҳои густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетикаро баррасӣ намуданд.
“Бахусус ҷонибҳо ба мавзуи бунёди неругоҳҳои офтобӣ бо иқтидори умумии 1250 МВт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд.
Ҳамзамон, тарафҳо ба татбиқи лоиҳаи хатти интиқоли барқи баландшиддати 500 кВ "Роғун-Сайҳун" ва аз мавзеи Сайҳун то зеристгоҳи барқии "Суғд-500" таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Дар Тоҷикистон сохтмони ду неругоҳи офтобӣ бо иқтидори 500 МВт оғоз ёфт
Мақомоти Тоҷикистон зимни мулоқот таъкид кардааст, ки ин лоиаҳо барои таҳкими устувории низоми энергетикии кишвар ва афзоиши иқтидори интиқоли барқ аҳамияти калидӣ дорад.
Таъкид гардидааст, ки ҷонибҳо омодагии худро барои идомаи музокирот, таҳияи ҷузъиёти техникию иқтисодии лоиҳаҳо ва ҷалби сармоягузорӣ дар самти рушди энергетикаи "сабз" изҳор намуданд.