ДУШАНБЕ, 8 янв - Sputnik. Ҳалли осоиштаи низоъ дар Украина танҳо тавассути бартараф кардани сабабҳои аслии он ва баргардонидани Украина ба мақоми бетарафӣ имконпазир аст.
Дар ин бора сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова ҳангоми шарҳи нақшаҳои бархе кишварҳои Ғарб барои низоми кардани Украина изҳор дошт.
"Мо инчунин тасдиқ мекунем, ки ҳалли осоиштаи низоъ танҳо тавассути бартараф кардани сабабҳои аслии он, баргардонидани Украина ба мақоми бетараф он, эҳтироми Киев ба ҳуқуқ ва озодиҳои забонӣ, фарҳангӣ ва динии афрод, русҳо, шаҳрвандони русзабон ва намояндагони ақаллиятҳои миллӣ, инчунин эътирофи воқеиятҳои кунунии ҳудудие, ки дар натиҷаи татбиқи ҳуқуқи халқҳо ба худмуайянкунӣ ба вуҷуд омадаанд, имконпазир аст", - гуфт Захарова.
Хонум Захарова афзуд, ки ҳамаи ин ҳадафҳо бешубҳа ё тавассути роҳҳои сиёсӣ ва дипломатӣ ё тавассути амалиёти вижаи низомӣ, ки дар давоми он ташаббус дар майдони ҷанг пурра дар дасти артиши Русия аст, ба даст оварда мешаванд.
Ёдовар мешавем, ким Русия оғоз аз 24-уми феврали соли 2022 дар Украина амалиёти вижаи низомӣ мебарад. Владимир Путин, президенти Русия, рисолати худро "ҳифозати одамоне, ки тӯли ҳашт сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқир ва наслкушӣ қарор гирифтаанд" тавсиф кард.
Ба гуфтаи вай, ҳадафи ниҳоии амалиёти вижаи низомӣ озодсозии Донбасс ва фароҳам овардани шароитест, ки амнияти худи Русияро кафолат медиҳад.
Кишварҳои ғарбӣ даст доштан дар даргириҳои Украинаро расман рад мекунанд, вале ба таъмини нирӯҳои мусаллаҳи Украина бо силоҳ идома медиҳанд. Вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров қайд кард, ки ҳама гуна интиқоли аслиҳа ба Украина ҳадафи қонунии Русия хоҳад буд.
Вазорати хориҷаи Русия изҳор дошт, ки кишварҳои НАТО бо интиқоли силоҳ ба Украина "бо оташ бозӣ мекунанд". Дар ҳамин ҳол, Маскав борҳо омодагии худро барои оғози музокирот дар бораи ҳалли низоъ изҳор доштааст, аммо Киев барои музокирот мамнӯъияти қонунӣ ҷорӣ кардааст.