ДУШАНБЕ, 6 янв - Sputnik. Имзои ҳуҷҷатҳои ИМА ва Аврупо дар бораи кафолатҳои амнияти Украина метавонад дар рӯзҳои наздик дар Вашингтон сурат гирад.
Дар ин бора, сарвазири Лаҳистон Доналд Туск ҳангоми сафараш ба Порис барои ҷаласаи "эътилофи хоҳишмандон", гузориш дод.
Рӯзи сешанбе дар Порис ҷаласаи сатҳи баланди "эътилофи хоҳишмандон" баргузор мешавад. Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси президенти ИМА, ва Ҷаред Кушнер, домоди раҳбари Амрико, низ дар он ширкат хоҳанд кард.
Владимир Зеленский пас аз мулоқоташ бо Трамп дар Мар-а-Лаго, изҳор дошт, ки кафолатҳои амниятӣ байни ИМА ва Украина пурра ба мувофиқа расидаанд. Пас аз музокироти дуҷониба, Трамп ва Зеленский бо роҳбарони аврупоӣ телефонӣ сӯҳбат карданд.
Пеш аз мулоқот бо Зеленский, Трамп хабар дод, ки бо президенти Русия Владимир Путин телефонӣ сӯҳбати хуб ва хеле самаранок анҷом додааст.