ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Дар тӯли як моҳ ду афсари тоҷик ва ду коргари чинӣ дар марзҳои Тоҷикистон бо Афғонистон бо истифода аз силоҳҳои амрикоӣ кушта шуданд.
Бар асоси иттилооти маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, дар таърихи 23 декабри 2025, соати 23: 30, се узви як созмони террористӣ дар минтақаи посгоҳи марзии шумораи 5-и “Боғ”, отряди марзии 0341-и “Сарчашма”, воқеъ дар минтақаи Қавоқи вулусволии Шамсудддини Шоҳин, аз Афғонистон вориди хоки Тоҷикистон шуданд.
“Онҳо мақсад доштанд, ки ба яке аз дидбонгоҳҳои сарҳадии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳамлаи мусаллаҳона анҷом диҳанд”, - омадааст дар хабарнома.
Дар паии амалиёти неруҳои марзбонӣ дар зуҳри 24 декабр, ҳар се террурист кушта шуданд ва аз маҳали ҳодисаи 3 қабза силоҳи амрикоии M-16, як қабза “Калашников”, 3 тапончаи сохти хориҷ бо садохафакун, 10 норинҷаки дастӣ, як дурбини дид дар шаб, маводи инфиҷорӣ ва дигар муҳимоти ҷангӣ забт шуд.
“Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳалок гардиданд”, - гуфта шудааст дар иттилоъияи маркази матбуотии Нерӯҳои марзбонии КДАМ.
Мақомоти Тоҷикистон ду ҳамлаи моҳи ноябр дар марзҳои ин кишварро, ки дар пайи онҳо 5 коргари чинӣ кушта шуданд, ба “гуруҳҳои ҷинояткор” нисбат доданд, аммо омилони ҳамлаи 23 декабр ба посгоҳи марзбонони тоҷикро “террорист” хонданд. Ин бад-он маъност, ки бозӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон рангу бӯи дигаре ба худ мегирад.
Ваъдаҳои пучи Толибон*
Коршиносоне, ки Sputnik Тоҷикистон ин мавзӯро бо онон баррасӣ кард, бо такя бар иттилоияи расмии мақомоти Тоҷикистон чанд нуктаро барҷаста медонанд.
Нахуст, худ ҳамлаи аъзои созмонҳои террористӣ аз хоки Афғонистон, ки ба истилоҳ ҳатто барге бидуни иҷозаи Толибон* такон намехӯрад, чӣ маъное дорад?
Дувум, кушта шудани ду афсари марзбонӣ ва дар гузашта ду коргари чинӣ бо истифода аз мусалсали амрикоии M - 16 ва дурбини дид дар шаб, чӣ паёме метавонад барои Тоҷикистон ва минтақа дошта бошад?
Расонаҳои Афғонистон ва низ бархе манобеи Sputnik Тоҷикистон ин хабарро таъйид мекунанд, ки муҳоҷимон ба марзбонони тоҷик аъзои “Ҷамоати Ансоруллоҳ”** будаанд; ки дар сафашон метавонанд, шаҳрвандони Тоҷикистон низ бошанд, ки ба таври комил таҳти контроли Толибон* аст, бавижа дар вилоятҳои Тахор, Бадахшон ва Қундузи Афғонистон.
Расонаҳо ҳамчунин Ҳоҷӣ Башир Нурзай, чеҳра ва қочоқчии шинохташударо фарде муаррифӣ мекунанд, ки пушти ин моҷаро қарор дорад.
Фирдавс Ҷалилов, коршиноси умури амниятӣ, мегӯяд, таҳаррукоти созмонҳои террористӣ чӣ тоҷик бошанд, чӣ уйғур, ӯзбек ё араб бидуни иҷозаи Толибон* наметавонад аз маконе ба макони дигар сурат гирад.
“Тибқи иттилооте, ки мо дорем, худи Толибон* эҳтимол гуруҳи террористиро бо худрав аз Бадахшон оварда ва дар баталёни нерӯҳои марзӣ дар Тахор нигаҳ медоштанд ва то марзи Тоҷикистон низ фармондеҳи ҳамин баталён онҳоро ҳамроҳӣ кардааст," – гуфт коршинос.
Вазири хориҷаи Толибон*, Амирхон Муттақӣ, ва Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи раҳбари Толибон*, борҳо эълом кардаанд, ки хоки Афғонистон барои ҳамла ба кишварҳои ҳамсоя истифода нахоҳад шуд.
Дар қазияи ҳамлаи ахири террористҳо ба марзбонони тоҷик, Амирхон Муттақӣ, изҳор дошт, ки “маҳофили бадхоҳ” мехоҳанд равобити Тоҷикистону Толибонро* тахриб карда ва вазъиятро “ноамн” ҷилва диҳанд.
Аммо, дар тӯли чаҳор солу ними ҳузури Толибон* дар қудрат, борҳо неруҳои ин гуруҳ ва низ созмонҳои террористии хориҷӣ, ки бо ҳимояти онҳо дар Афғонистон ҳузур доранд, ба хоки кишварҳои ҳамсоя ҳамла кардаанд; аз ҷумла “Ҷайш-ул-адл”** ба Эрон, Ҳаракати исломии Ӯзбекистон** ба Ӯзбекистон, ва "Ҷамоати Ансоруллоҳ”** ба Тоҷикистон.
"Таҳрики Толибони Покистон"** низ ин рӯзҳо бо куштани садҳо низомии покистонӣ, ҳатто бахше аз қаламрави агентии Хайбар Пахтунхворо тасарруф карда ва қавонини худро ҷорӣ кардааст.
Фирдавс Ҷалилов мегуяд, акнун ин пурсиш матраҳ аст, ки Толибон* бо истифода аз барги терроризму эъзоми террористҳо ба Тоҷикистон чӣ интизорӣ доранд?
“Толибон* аз тариқи фишор ва истифода аз созмонҳои террористӣ, бо шиорҳои “мубориза бо ДИИШу** терроризм”, то кунун тавонистаанд сафоратҳои Афғонистон дар Эрон, Ӯзбекистон, Чин, Қазоқистон ва Русияро дар ихтиёр бигиранд. Акнун гумони ғолиб ин аст, ки аз ҳамин роҳ мехоҳанд Тоҷикистонро низ таҳти фишор қарор дода ва водор кунанд сафорати Афғонистон дар Душанберо ба онҳо вогузор кунад,” – гуфт Фирдавс Ҷалилов.
Пеш аз ҳамлаи ахири террористӣ ба марзбонони тоҷик, гузорише мунташир шуда буд мабнӣ бар ин ки Толибон* консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Тоҷикистонро, ки таҳти контроли ин гуруҳ буд, бастааст. Ин консулгарӣ танҳо наҳоде буд, ки барои Афғонистони виза содир мекард.
М-16 ва мероси шуми Амрико
Нуктаи барҷастаи дигар дар ҳамлаи террористӣ ба марзбонони тоҷик истифода аз силоҳҳои амрикоӣ аст; мавзӯе, ки дар баррасиҳои коршиносони минтақаӣ ва ҷаҳонӣ камтар ба он пардохта шуда ё нодида гирифта мешавад.
Амрико дар соли 2021, бино бар иттилооти мақомоти амрикоӣ, ҳудуди 7 млрд доллар силоҳу муҳимоти ҷангиро дар ихтиёри Толибону* созмонҳои террористӣ қарор дод.
Ҳарчанд Қорӣ Фасеҳуддин, раиси Ситоди кулли артиши Толибон*, гуфтааст, ин рақам бештар аз он чизест, ки амрикоиҳо эълом мекунанд.
Аммо, ин силоҳҳои амрикоӣ акнун дар ҳоли табдил шудан ба як дардисари бузург барои кишварҳои ҳамсоя ҳастанд.
Ба гуфтаи коршиносон, тамоми пешравиҳои "Таҳрики Толибони Покистон (ТТП)** дар Хайбар Пахтунхво ва талафоти сангини артиши Покистон дар ҷанг бо ин гуруҳ, дақиқан ба далели истифода аз силоҳҳои амрикоӣ, бавижа M4 ва M16 ва дурбинҳои дид дар шаб аст, ки бар онҳо насб мешавад.
Террористҳои TTП** бо истифода аз ин таҷҳизот, ба роҳатӣ сарбозону афсарони покистониро “шикор” мекунанд.
Маҳдӣ Собиров, афсари пешини истихбороти вазорати дифои Тоҷикистон, мегӯяд, мусалсалҳои амрикоии M4 ва M16, ки ҳам дар ҳамла ба марзбонони тоҷику коргарони чинӣ ва ҳам алайҳи артиши Покистон истифода мешаванд, бурди баланду диққати бисёр болое доранд.
“Амрикоиҳо эҳтимол огоҳона ҳазорон қабза аз ин силоҳҳо ва ҳамчунин дурбинҳои дид дар шабро дар ихтиёри Толибон* гузоштанд. Ин гуруҳ низ онҳоро вориди “бозори сиёҳ” кард ва акнун шумо ин силоҳҳоро ҳатто дар Африқову Украина ҳам мебинед,”, - гуфт Маҳдӣ Собиров.
Созмонҳои террористӣ, аз ҷумла “Ҷамоати Ансоруллоҳ”**, бино бар иттилооти дақиқ, дар ҷараёни набардҳо бо артиши Афғонистон дар рӯзҳои суқути ҷумҳурӣ низ ин силоҳҳоро ба унвони “ғанимати ҷангӣ” ба даст овардаанд ва баъдҳо онҳоро аз қочоқчиёни силоҳ ва ҳатто худи Толибон* харидорӣ кардаанд.
Бар асоси иттилооти мавҷуд, ҳамакнун дар “бозори сиёҳ”-и Афғонистону Покистон, қимати ҳар қабзаи M4 ё M16 байни 1 то 2 ҳазор доллар (дар даврони ҷумҳурӣ беш аз 10 ҳазор доллар) ва қимати дурбини дид дар шаб ҳудуди 300 доллар (дар гузаштаи 2 ҳазор доллар) аст.
Ба ин тартиб, силоҳҳои амрикоӣ Толибону* созмонҳои террористии мустақар дар Афғонистонро ба нерӯе воқеан хатарнок табдил кардаанд. Раисҷумҳури феълии Амрико, Доналд Трамп, пеш аз интихоб шудан борҳо ҳушдор дода буд, ки силоҳҳои амрикоиро аз Толибон* пас хоҳад гирифт, аммо пас аз омаданаш ба Қасри Сафед ин суханон ба фаромӯшӣ супурда шуд.
* Созмон барои фаъолиятҳои террористӣ таҳти таҳримҳои СММ қарор дорад.
** Як созмони террористӣ-экстремистӣ, ки дар Русия ва Тоҷикистон мамнӯъ аст.