ДУШАНБЕ, 31 дек - Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари Русия Владимир Путин суҳбати телефонӣ анҷом дод.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин суҳбати телефонӣ ҳамлаи ахири ҳавопаймоҳои бесарнишин ба қароргоҳи Президенти Русия дар вилояти Новгородро маҳкум кард.
“Чнин амалҳои таҳдидкунанда ба иншооти давлатӣ ва амнияти роҳбарияти кишвар ғайри қобили қабул аст ва онҳо ба раванди музокирот барои ноил шудан ба сулҳу субот монеа эҷод менамоянд”, - таъкид кард кишвардори Тоҷикистон.
Ҳамчунин ба иттилои манбахъ, дар суҳбати телефонӣ роҳбарони ду кишвар якдигарро бо Соли нави наздикшавандаи 2026 табрик гуфта, самимона хоҳони саломатӣ ва комёбиҳои ҳам шуданд.
“Ба мардумони дӯсти ду кишвар сулҳи устувор, некӯаҳволӣ ва шукуфоии бардавом орзу намуданд”, - таъкид кардааст Хадамоти матбуот.
Қайд карда шудааст, ки дар фароварди суҳбат, сарони давлатҳо рушди ҳамкории дуҷонибаро мусбӣ арзёбӣ карда, омодагии худро барои суръат бахшидан ба густариши шарикии стратегӣ дар соли 2026 таъкид карданд.