Навори паёми солинавии Эмомалӣ Раҳмон

Раисҷумҳури Тоҷикистон ба ҳар як хонадони кишвар, пеш аз ҳама, саломативу хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистон пешрафту ободӣ орзу намуд
Sputnik
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар паёми шодбошияш ба муносибати соли нав аз бурду бохти соли гузашта ва умедҳо аз соли навро баён дошт
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошии худ мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро бо фарорасии соли нави мелодии 2026 самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистон пешрафту ободии боз ҳам бештарро орзу намуд.
Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми Тоҷикистон дар Соли нав чӣ таманно кард?
"Ба шарофати сулҳу оромӣ, суботи комили сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати содиқонаи мардуми шарифи кишвар рушди устувори иқтисоди миллӣ таъмин гардид”, - гуфт Раҳмон.
Вай илова кард, ки барномаву нақшаҳои муҳимме, ки дар доираи ҳадафҳои стратегии миллӣ қабул шудаанд, дар соли 2025 бомаром амалӣ гардида, ба рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат такони ҷиддӣ бахшиданд ва Тоҷикистон ба ҳадафҳои гузошта хеле наздик шуд.