Пас аз ҳодиса дар марз: Дар Душанбе баланд бардоштани қудрати дифоӣ баррасӣ шуд

Раҳбарон ва намояндагони сохторҳои қудратии Тоҷикистон бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, ҷаласа баргузор кардаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 дек – Sputnik. Дар Душанбе масъалаи амнияту суботи кишвар ва баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар баррасӣ шуд.
Ин масоил, дар Вазорати мудофиаи Тоҷикистон бо ширкати роҳбарон, намояндагони сохторҳои қудратӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни ҷаласа муҳокима гардидааст.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати мудофиаи кишвар хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки ҷаласа тибқи дастури Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали артиш Эмомалӣ Раҳмон доир шудааст.
Ҳадафи аслӣ, татбиқи Нақшаи чорабиниҳои асосии амалиётӣ-стратегии Қувваҳои Мусаллаҳ ва сохторҳои мудофиаи ҳудудии Тоҷикистон гуфта шудааст.
Дар ҷаласа масъалаҳои марбут ба амнияти давлат ва баланд бардоштани қудрати дифоии мамлакат таҳқиқу баррасӣ гардиданд.
Масъалаҳои дигари ҷаласа:
Ҳифзи амнияту суботи Тоҷикистон дар шароити ҷаҳонишавӣ,
баланд бардоштани иқтидори мудофиавии давлат,
таҳкими ҳамоҳангии сохторҳои қудратӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва вазорату идораҳои марбутаи мамлакат дар самти ташкили ҷамъомади мудофиаи ҳудудӣ будааст.
Машғулияти омодагии сафарбарӣ ва таъмини онҳо бо воситаҳои моддӣ-техникӣ аз масъалаҳои муҳими ҷаласа будаанд.
Марзи Тоҷикистону Афғонистон: ҳоло чӣ рух дода истодааст?
Ду марзбон ҳалок шуд: даргирии навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон
Ин дар ҳолест, ки тибқи иттилои КДАМ, шаби 23 ба 24 декабр се террорист аз Афғонистон ба Тоҷикистон ворид гардида қасди ҳамла ба дидбонгоҳи сарҳадӣ кардаанд.

Дар натиҷаи амалиёт дар ҳудуди ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ҳар се террорист нобуд гардида, аз ҷои ҳодиса силоҳу лавозимот мусодира шудааст.

Мутаассифона, зимни задухӯрди мусаллаҳона ва пешгирии ин амали террористӣ 2 нафар хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ҳалок гардиданд.