ДУШАНБЕ, 12 дек - Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин оғози татбиқи амалии созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эронро эълон кард.
"Татбиқи амалии Созишномаи тиҷорати озод бо Эрон оғоз шудааст", - гуфт Мишустин дар ҷаласаи васеъи Шӯрои байниҳукуматии АвруОсиё.
Созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ва Эрон моҳи майи соли 2025 эътибор пайдо кард.
Тавре ки Мишустин қаблан таъкид карда буд, татбиқи он гардиши молро афзоиш медиҳад ва сохтори тиҷорати мутақобиларо байни иттиҳод ва Теҳрон гуногунранг мекунад.
Ин дар ҳолест, ки пештар мақомоти Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба мувофиқа расиданд, ки маълумоти гумрукиро ба таври электронӣ мубодила кунанд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як созмони байналмилалии ҳамгироии иқтисодии минтақавӣ мебошад.
Иттиҳод ҳаракати озоди молҳо, хизматрасонӣ, сармоя ва қувваи корӣ, инчунин татбиқи сиёсати ҳамоҳангшуда, мувофиқашуда ё муттаҳидшударо дар бахшҳои иқтисодӣ таъмин мекунад.
Аъзоёни Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.
Аз соли 2015 инҷониб, Тоҷикистон имконияти пайвастан ба Иттиҳодро баррасӣ мекунад.