Соҳибкор ва экстрасенси маъруф дар соҳили "Баҳри тоҷик" осоишгоҳ месозад

Дар баробари осоишгоҳ дар ҳамин мавзеъ бо саҳми ин соҳибкор бунёди тарабхонаи муосир низ идома дорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 ноя — Sputnik. Дар соҳили "Баҳри тоҷик"-и шаҳри Гулистон бунёди осоишгоҳи наву замонавӣ идома дорад.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд гузориш медиҳад.
Ин осоишгоҳ бо ташаббуси соҳибкори маҳаллӣ ва экстрасенси маъруф Турсуной Зокирова сохта мешавад.
Тибқи лоиҳа осоишгоҳ барои қабули 250 истироҳаткунанда пешбинӣ шудааст. Баъди ба истифода додани иншоот даҳҳо сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ба соҳибкор ва масъулони соҳаи меъморӣ дастур додааст, ки ба раванди корҳои сохтмонӣ суръат бахшанд.
Дар баробари осоишгоҳ дар ҳамин мавзеъ бо саҳми Зокирова бунёди тарабхонаи муосир низ идома дорад.
Иншооти мазкур низ бо услуби миллӣ ва тарҳи замонавӣ сохта шуда, ба беҳтар гардидани имкониятҳои хизматрасонӣ барои меҳмонон мусоидат хоҳад кард.
Айни ҳол дар шаҳри Гулистон 5 осоишгоҳ фаъолият дорад. Бунёди осоишгоҳу тарабхонаи нав ба истиқболи 35–солагии Истиқлол, ҷойгоҳи шаҳри Гулистон ҳамчун маркази истироҳативу сайёҳӣ мустаҳкамтар шавад.
Боздиди беш аз 1 миллион хориҷӣ аз вилояти Суғд
Турсуной Зокирова, соҳибкори шинохта дар баробари соҳибкорӣ ва корҳои хайраш бо қобилияти фавқулоддаи экстрасенсорияш дар қаламрави ИДМ маъруф буда, ғолиби барномаи машҳури "Битва экстрасенсов-4" мебошад.
Ӯ қаблан дар Қайроқум як бинои 5-ошёнаро сохт ва аз он 10 хонаро ба ниёзмандон ройгон тақдим кард.
Солҳои охир дар Тоҷикистон ӯ ба соҳибкорӣ машғул буда, барои корҳои хайраш гоҳо дар сархати хабарҳо қарор мегирад.