ДУШАНБЕ, 28 ноя - Sputnik. Кишварҳои СПАД омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар Афғонистон изҳор доштанд.
Матни эъломияи Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СПАД дар сомонаи Кремл нашр шудааст.
"Мо ӯҳдадории худро нисбати Афғонистон ҳамчун давлати мустақил, бетараф ва сулҳҷӯ, озод аз терроризм, ҷанг ва маводи мухаддир тасдиқ мекунем. Мо омодагии худро барои саҳмгузорӣ дар талошҳои байналмилалӣ барои таъмини сулҳ ва рушд дар ин кишвар изҳор медорем", - гуфта мешавад дар эъломия.
Довар мешавем, ки дар нишасти сарони кишварҳои узви СПАД Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш аз Барномаи ҳадафманди байнидавлатии СПАД барои таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, ки қаблан қабул шуда буд, бо арзи сипос ёдовар шуд.
Эмомалӣ Раҳмон изҳори умедворӣ кард, ки татбиқи самарабахши он таъмин хоҳад шуд.
Чанде пеш вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки дар ҷануби Тоҷикистон дар натиҷаи ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз Афғонистон се шаҳрванди Чин кушта шуданд.
Ба гуфтаи вазорат, шаби 26 ноябри соли 2025 дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳини вилояти Хатлони Тоҷикистон, ки дар марз бо Афғонистон ҷойгир аст, "ҳамлаи мусаллаҳонаи ҷинояткорон аз қаламрави Афғонистон" ба кормандони ширкати "Шоҳин СМ" рух дод.
Дар ин ҳамла се корманди ширкат, ки ҳамааш шаҳрвандони Чин буданд, кушта шуданд.