Чемпиони Тоҷикистон бо ҳисоби бузург шикаст хурд: Бохти "Истиқлол" аз "Ал-Наср"

Қаҳрамони Тоҷикистон дар бозии ҷавобӣ аз “Ал-Наср” бо ҳисоби бузурги 4:0 шикас хӯрд. Вале умед барои гузаштан ба даври дигар ҳаст
Sputnik
Дастаи “Истиқлол”-и Тоҷикистон бозиашро бо тими “Ал-Наср”-и Арабистони Саудӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор баргузор шуд, бо щисоби калон шикаст хурд.
Ин бозь шаби26-уми ноябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор бо ҳузури беш аз15 ҳазор тамошобин баргузор шуд.
Дастаи Ал-Наср ба дарвозаи тими "Истиқлол" чаҳор голи беҷавоб зад.
Голҳоро ба дарвозаи “Истиқлол” Жоау Феликс, ҳамлагари пуртуғолии дастаи арабӣ, Муҳаммад Симакан, Садио Мане ва Айман Яҳё заданд.
"Танҳо барои ғалаба...": "Истиқлол" барои бозии деринтизор бо "Ал-Наср" омодагӣ мебинад
Ёдовар мешавем, ки капитан даста Криштиану Роналду ба Тоҷикистон наомад. Зеро ин бозӣ барои бошгоҳи Саудӣ чандон аҳамият надошт. "Ал-Наср" аллакай ба плей-оффи мусобиқот роҳ ёфтааст.
Пас аз ин бохт, мавқеи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” тағйир наёфт ва дастаи кишвари мо бо 6 хол дар зинаи сеюм боқӣ монд. Тими “Ан-Наср” баъди ин ғалаба шумораи имтиёзҳояшро ба 15 адад расонида, мавқеашро дар садри ҷадвали гурӯҳ қавӣ кард. Ин даста аллкай аз зинаи аввал ба даври ҳазфӣ (плей-офф) роҳхат гирифтааст.
Боз бе Роналду: Истиқболи Дастаи Ал-Насри Арабистони Саудӣ дар Душанбе – видео
Дар бозии дигари гурӯҳи “D” шаби гузашта дастаи “Аз-Завра”-и Ироқ дар майдони худ “Гоа”-и Ҳиндустонро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард. Ҳамин тариқ, ҳоло аз гурҳи “D” танҳо “Ан - Наср” ба давраи баъдӣ роҳ ёфтааст.
Тақдири роҳхати дуюм аз рӯи натиҷаҳои бозиҳои даври охирини мусобиқот дар гурӯҳи “D”, ки рӯзи чоршанбеи 24-уми декабр баргузор мешаванд, ҳал хоҳад шуд.