Ахиран КДАМ навореро нашр кард, ки дар он дар марзи Тоҷикистону Афғонистон марзбонон бо паҳподҳо гурӯҳи қочоқбарони маводи мухаддиро нобуд мекунанд.
Тавре КДАм хабар додааст хизмтчиёни қушнуҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии кишвар бо кумаки паҳподҳо қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми махсусани калон, ошкор намуданд.
Қайд карда шудааст, ки фаъолияти гурӯҳи фаромиллӣ нашъаҷлоби афғон пешгирӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шудааст, ки20 ноябри соли равони ҳангоми назароти хати сарҳади давлатӣ тавассути технологияҳои муосир дар ҳудуди дидбонгоҳи сарҳади 7 дар қади отряди сарҳадии Ҳамадонӣ далели убури ғайриқонунии марзи давлатӣ аз ҷониби гуруҳи ҳафт нафарии кочоқбари афғон ба мушоҳида расид.
“Дар натиҷаи самти ҳаракати гурӯҳ таҳти назароти пурраи визуалӣ қарор гирифта бо истифода аз дистгоҳҳои бесарншини ҳавоӣ қочоқброни афғон безарар карда шуданд”, - қайд кардааст КДАМ.
Ин ниҳоди қудратӣ ёдовар шудааст, ки нахустин бор дар таҷрибаи мақомоти сарҳадии кишвар амалиёти тарҳрезишуда бо истифода аз дастгоҳҳои бесарнишини истеҳсоли ватанӣ, ки аз ҷониби кадрҳои тахсусманди кишвари идора мегашт амалӣ гардид.
Зикр гардидааст, ки истифодаи паҳпод самароникии ин амалиётро ба мротиб боло бурд.
Ҳамзамон иттилоъ дода шудааст, ки субҳи 21 ноябри соли равон ҳангоми аз назаргузаронии ҷойи ҳодиса ҷасади ду нафар қочоқбарон, ки зода ва сокинони вулусволиии Тахори Афғонистон буданд пайдо намуданд.
Инчунин дар ҷойи ҳодиса 116 бастаи маводи мухаддир дар панҷ борхалтаи полтилинӣ дарёфт ва масодира карда шуд.