ДУШАНБЕ, 8 ноя — Sputnik. Президенти ИМА Доналд Трамп имкони мулоқот бо ҳамтои руси худ Владимир Путинро дар Будапешт истисно накард.
"Шонс ҳамеша вуҷуд дорад", - гуфт ӯ ба хабарнигорон зимни мулоқот бо сарвазири Маҷористон Виктор Орбан.
Ӯ қайд кард, ки нақша дорад, бо сарвазири Маҷористон дар бораи низоъ дар Украина сӯҳбат кунад.
"Мо каме дар бораи Русия ва Украина сӯҳбат хоҳем кард. Мо дар бораи энергия ва нархи энергия гуфтугӯ хоҳем кард", - гуфт ӯ.
Ин дар ҳолест, ки пештар президенти Қазоқистон Қосим Ҷомарт Тоқаев гуфт, Қазоқистон метавонад майдони музокирот дар масъалаи Украина шавад.
"Агар роҳбарони Русия ва Украина хоҳиши омадан ба Қазоқистонро дошта бошанд, мо тамоми хидматҳои заруриро барои таъмини анҷоми бомуваффақияти музокирот пешниҳод хоҳем кард", - гуфт президенти Қазоқистон дар мусоҳиба бо рӯзномаи The New York Times.

Ёдовар мешавем, ки пештар Зеленский дар мусоҳиба бо Fox News изҳор дошт, ки Киев ба Русия имкони мулоқот дар кишварҳои мухталиф, аз ҷумла Қазоқистонро пешниҳод кардааст.
Дмитрий Песков, котиби матбуотии раҳбари Русия, дар посух гуфт, ки украиниҳо шумораи зиёди кишварҳоро номбар кардаанд, аз ҷумла вариантҳои комилан ғайри қобили қабул.
Вай ёдовар шуд, ки раиси режими Киев ба Маскав даъват шуда буд ва агар ба муколама омода бошад, пас чаро намеояд.