ДУШАНБЕ, 4 ноя — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон раисҷумҳури Тоҷикистон зимни суханронии худ изҳор дошт, ки некуаҳволии иҷтимоӣ заминаи муҳимми таҳкими сулҳу суботи фарогир ва рушди устувор мебошад.
Вай таъкид кард, ки қабул ва татбиқи Стратегияи рушди ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 идомаи талошҳои кишвари мо дар ин ҷода мебошад.
Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ки ҳоло дар Тоҷикистон 8 барномаи давлатӣ ва 3 стратегияи дарозмуддат дар соҳаи маориф татбиқ мешавад, ки ин ҳам барои рушди соҳаи иҷтимоӣ аҳамияти калидӣ дорад.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар заминаи татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, ки бо Ҳадафҳои Рушди Устувор ҳамоҳанг мебошанд, кишвари мо ба таҳкими сармояи инсонӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.
“Дар Тоҷикистон тайи 2 даҳсолаи охир дар соҳаҳои гуногуни иҷтимоиву иқтисодӣ беш аз 4 миллион ҷойи корӣ таъсис ва барқарор гардидааст”, - гуфт раҳбари Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон, инчунин дар бораи ҳамбастагии рушди иҷтимоӣ ва устувории муҳити зист дар Тоҷикистон ишора кард.
Кишвардори Тоҷикистон гуфт, ки кишвар бо мақсади таъмини некуаҳволии мардум дар самти муқовимат ба тағйирёбии иқлим пайваста чораҷӯӣ менамояд
“Мо зарурати андешидани чораҳои ҷиддиро барои беҳтар намудани дастрасии кишварҳои осебпазир ба манбаъҳои молиявӣ ва таъмини маблағгузории устувор, алалхусус барои хизматрасониҳои иҷтимоӣ, таҳкими сармояи инсонӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим таъкид менамоем”, - иброз дошт Раҳмон.
Раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи гузариш ба иқтисоди “сабз” ва энергияи “сабз”, истифодаи васеи технологияҳои рақамӣ ва зеҳни сунъӣ дар соҳаҳои мухталифи кишвар изҳори назар кард.
Эмомалӣ Раҳмон аз қабули Қатъномаи махсуси Маҷмаи Умумии СММ зери унвони “Нақши зеҳни сунъӣ дар фароҳам овардани имконоти нав барои рушди устувор дар Осиёи Марказӣ” бо ибтикори Тоҷикистон ёдовар шуд.
Таъкид кард, ки қатъномаи мазкур метавонад дар дастрасӣ ба Ҳадафҳои Рушди Устувор дар минтақаи мо нақши муассир дошта бошад.
Раҳбари Тоҷикистон зарур донист, ки бо муттаҳид намудани талошҳо шароити одилонаи рушди иҷтимоӣ барои ҳамаи қишрҳои ҷомеа ва кулли мардумони ҷаҳон фароҳам оварда шавад.
Вай илова кард, ки ба рушди иҷтимоӣ ҳамчун яке аз бахшҳои калидии Ҳадафҳои Рушди Устувор якдилона ва бо иродаи муштарак таваҷҷуҳи хос бояд зоҳир гардад.