ДУШАНБЕ, 20 окт - Sputnik. Президенти Тоҷикистон гуфт, тағйирёбии иқлим ва таҳримҳои иқтисодӣ боиси боло рафтани нархи наво дар ҷаҳон шудааст ва роҳи ҳалли онро барои Тоҷикистон нишон дод.
Ба ин нукта президенти Тоҷикистон зимни ироаи номаи шодбошӣ ба мардуми тоҷик ба муносибати Иди Меҳргон ишора кард.
Ба гуфтаи кишвардор, азбаски гузаштагони мо аз давраҳои қадим кишоварзу боғдор буданд, дар баробари корҳои деҳқонӣ одобу русум ва суннатҳои маънавии неку созандаро ба мо мерос гузоштаанд.
Идома додани суннату анъанаҳои миллӣ, аз ҷумла истифодаи оқилонаи обу замин ва дигар сарватҳои табиат, махсусан, дар шароити имрӯза вазифаи бисёр муҳим мебошад, афзуд ӯ.
"Дар робита ба ин, кишоварзон ҷиҳати таъмин намудани бозори истеъмолӣ бо маводи озуқа, хусусан, дар фасли зимистон ба масъалаи пурра ҷамъоварӣ кардани ҳосил, захираи маҳсулот, сари вақт анҷом додани кишти тирамоҳӣ ва гузоштани замина барои ҳосили фаровони соли оянда бояд эътибори аввалиндараҷа диҳанд", - таъкид кардааст президент.
Раҳмон, вазъи ноороми сайёра, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, таҳримҳои иқтисодиву молиявиро сабаби асосии болоравии босуръату бесобиқаи нархи маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи ғизоӣ гуфт, ва роҳи ҳалро нишон дод.
"Аз ин лиҳоз, ҳамаи мо, махсусан, масъулону мутахассисони соҳаи кишоварзиро зарур аст, ки ба хотири ҳифзи амнияти озуқавории кишвар беш аз ҳар вақти дигар заҳмат кашем, ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол ва захира намоем", - даъват кард президент.
Раисиҷумҳур дар хулосаи суханаш гуфт, бо густариш додани ойину ҷашнҳои миллати бостонӣ минбаъд низ тамоми саъю талош бояд ба хотири рушди кишвар, ободии Ватан ва беҳтар гардонидани шароити зиндагии халқ равона гардад.