Тоҷикистон тарафдори дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ аст

Дар ин бора, Далер Ҷумъа дар Маскав дар дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии "Ҳафтаи энергетикии Русия" гуфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 16 окт - Sputnik. Вазири энержии Тоҷикистон Далер Ҷумъа гуфт, Тоҷикистон тарафдори дастрасии оддилона ба захираҳои энергетикӣ аст.
Чунин изҳоротро вазир дар мубоҳисаи панелӣ таҳти унвони "Кишварҳои Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) ва Ассотсиатсияи давлатҳои Осиёи Ҷанубу Шарқӣ (АДОҶШ) дар роҳи ташаккули одилонаи энергетикӣ", ки дар ҳошияи VIII Форуми байналмилалии "Ҳафтаи энергетикии Русия" баргузор гардид, ироа кард.
Дар ин бора, хадамоти матбуотии Вазорати энергетикӣ гузориш медиҳад.
Гуфта мешавад, ки вазири энергетикаи Тоҷикистон ба масъалаҳои таъмини амнияти энергетикӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва нақши Тоҷикистон дар ин самт таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
"Тоҷикистон, ҳамчун кишваре бо захираҳои бузурги обию энергетикӣ, ҷонибдори рушди ҳамкориҳои байниминтақавӣ дар асоси принсипҳои баробарӣ, эҳтироми манфиатҳои тарафайн ва таъмини дастрасии одилона ба захираҳои энергетикӣ мебошад", - таъкид кард Далер Ҷумъа.
Зимни мубоҳисаҳо зикр гаштааст, ки имрӯз кишварҳои СҲШ ва АДОҶШ воқеияти нави иқтисодӣ ва сармоягузориро ба вуҷуд оварда, диди хоси худро дар бораи ояндаи энергетика пеш мебаранд, ки ба ташаккули модели баробарҳуқуқ, мутавозин ва устувори рушди энергетикаи ҷаҳонӣ равона шудааст.
Далер Ҷумъа: Тоҷикистон ҳадаф дорад то соли 2037 мақоми комилан "сабз" -ро гирад
Дар чорабинӣ роҳбарону намояндагони баландпояи сохторҳои соҳавӣ, аз ҷумла вазири энержии Русия Сергей Сивилёв, Дабири кулли СҲШ Нурлан Ермекбоев, вазири энержии Судон Элмутасим Иброҳим, президенти Маркази тадқиқоти энергетикии минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Ирие Казутомо, инчунин ҳайатҳои расмии давлатҳои узв ва коршиносони байналмилалӣ ширкат кардаанд.