Музокироти Путин ва Трамп дар Аляска

Путин: Русия омода аст дар Осиёи Марказӣ нерӯгоҳҳои нави барқи обӣ бунёд кунад

Президенти Русия дар дувумин нишасти Русия ва Осиёи Марказӣ, ки дар Душанбе баргузор шуд, суханронӣ кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Русия ба таҳкими минбаъдаи шарикии стратегӣ ва иттифоқи худ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ собит аст.
Дар ин бора Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни ифтитоҳи нишасти дуввуми Русия ва Осиёи Марказӣ изҳор дошт.
"Русия ҷонибдори амиқтар кардани равобити мутақобилан судманди сиёсӣ, иқтисодӣ ва башардӯстона аст", - гуфт Путин.
Вай қайд кард, ки Русия яке аз сармоягузорони пешрафта дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аст.
"Ҳаҷми умумии сармоягузории Русия беш аз 20 млрд долларро ташкил медиҳад", - гуфт раҳбари Русия.
Аммо вай ин рақамро нокофӣ донист. Дар ҳамин ҳол, Русия манфиатдор аст, ки ширкатҳои панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар лоиҳаҳои саноатии Русия, аз ҷумла технологияҳои баланд, ивазкунандаи воридот ва дигар соҳаҳо фаъолонатар ширкат варзанд, гуфт президент.
Коршинос дар бораи тарҳҳои энержии Русия дар Осиёи Марказӣ сӯҳбат кард
Русия дар навбати худ омода аст, дар бунёди неругоҳҳои нави барқи обӣ дар Осиёи Марказӣ ва ҳамчунин дар тарҳҳое, ки ба таъмини амнияти инфрасохтори обу энержӣ ва истифодаи оқилонаи захоири об ва дарёҳои фаромарзӣ нигаронида шудаанд, ширкат кунад.
Путин рушди масирҳои магистралӣ тавассути Осиёи Марказиро авлавияти аслӣ медонад.
"Мо омодаем бо шумо дар бунёди занҷирҳои нави логистикӣ ва нақлиётӣ, бо рушди масирҳои магистралии аз кишварҳои мо убуркунандаи Шимол-Ҷануб ва Шарқ-Ғарб, инчунин бунёди долонҳои нави трансконтиненталӣ, ки ҳадафи асосӣ маҳсуб мешавад, ҳамкорӣ кунем", - гуфт роҳбари Русия.
Дар робита ба авзоъ дар Афғонистон ӯ таъкид кард, ки гурӯҳҳои террористӣ ҳамчунон кӯшиши истисмори ин кишварро барои паҳн кардани ақидаҳои ифротгароӣ ва даст задан ба ҷинояткорӣ истифода мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, мақомоти феълии Афғонистон омодагии худро барои ҳамкорӣ дар бахшҳои мухталиф, аз ҷумла дар мубориза бо терроризм ва қочоқи маводи мухаддир нишон медиҳанд ва Русия аз ин ҷонибдорӣ мекунад, гуфт раисиҷумҳури Русия.