ДУШАНБЕ, 25 сен — Sputnik. Мунтахаби футзали Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026 роҳ ёфт.
Дар ин бора, Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки тими Тоҷикистон дар даври ниҳоии марҳилаи интихобӣ дар гурӯҳи "С" бо қаҳрамони чоркаратаи Осиё — Ҷопон рӯ ба рӯ шуд.
Ин бозӣ шадид ҷараён гирифта, бо ҳисоби 3:1 ба суди ҷопониҳо ба поён расид.
Голи ягонаро аз яккачини Тоҷикистон Самандар Ризомов ба нишон расонд.
Ҳамин тавр, тими миллии Тоҷикистон бо шаш имтиёз дар гурӯҳи "С" мақоми дуюмро касб кард ва ба қисми ниҳоии Ҷоми футзали Осиё-2026 роҳхат гирифт.
Ёдрас мешавем, ки мунтахаби футзал бозии интихобӣ бо Макаоро бо ҳисоби калон 10-2 ба анҷом расонид.
Дар марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 оид ба футзал ҳамагӣ 31 даста иштирок дорад. Дар натиҷаи қуръакашӣ ҳашт гурӯҳ: ҳафт гурӯҳ аз чор даста ва як гурӯҳ аз се даста ташкил гардид.
Ғолибони ҳашт гурӯҳи интихобӣ ва ҳафт дастаи беҳтарини ҷойи дуюм ба қисми ниҳоии Ҷоми Осиё-2026, роҳ меёбанд.
Ҷоми футзали Осиё-2026 дар Индонезия аз 27 январ то 7 феврал дар Индонезия баргузор мешавад баргузор хоҳад шуд.