Аҳмадзода истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро напазируфт

Пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дода буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 21 сен — Sputnik. Раиси вилояти Суғд истеъфои сармураббии "Хуҷанд" Александр Крестининро қабул накард.
Дар ин бора директори даста Фаррух Марофиев ба Sputnik Тоҷикистон хабар дод.
Ин дар ҳолест, ки пештар роҳбарияти дастаи "Хуҷанд" аз барканории Александр Крестинин аз мақоми сармураббии ин даста хабар дод.
“Дастаи футболи "Хуҷанд" ва сармураббӣ Александр Крестинин бо мувофиқаи тарафайн шартномаро қатъ карданд”, - хабар дода буд, дафтари матбуоти ин даста.
Ва баъди ҷаласа бо раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода, ки Марофиев низ дар он ширкат доштааст, маълум шуд, ки сармураббӣ фаъолияташро идома хоҳад дод.
Ба гуфтаи ӯ, Аҳмадзода қарор кард, то аризаи мутахассиси рус Александр Крестининро дар бораи истеъфо қабул накунад.
Ҳамакнун, мутахассиси рус фаъолияти худро бо даста идома медиҳад.
Александр Крестинин 3 июли соли 2025 ба ҳайси сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд. Ӯ дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард.
"Бовар накарданд": Хоҷаев сабаби рафтанаш аз тими "Хуҷанд"-ро гуфт
Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.