ДУШАНБЕ, 1 сен — Sputnik. Дар бораи афзоиши маблағгузории Бонки Осиёии Сармоягузориҳои Инфрасохторӣ ба сохтмони неругоҳи “Роғун” дар музокироти президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти ин Бонк Ҷин Литсюн эълон шуд.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар дод.
Ба иттилдои манбаъ, мулоқоти мазкур дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар шаҳри Тянҷини Чин сурат гирифт баргузор шуд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот саҳми бонкро дар рушди инфрасохтори устувор ва таҳкими ҳампайвандии кишварҳои минтақа намоён номид.
Кишвардори Тоҷикистон таъкид кард, ки Бонк дар татбиқи чор лоиҳаи сармоягузорӣ дар ҷумҳурӣ ба маблағи умумии беш аз 430 миллион доллар иштирок дорад, аз ҷумла дар сохтмони неругоҳи Роғун ва пули бузурги мошингарди дарозиаш 920 метр дар ноҳияи Нуробод.
“Дар ин зимн бонк тасмим гирифтааст, ки маблағгузории худро ба неругоҳи Роғун ба 500 миллион доллар расонад”, - таъкид намудааст манбаъ.
Ҳамзамон ҷонибҳо имконоти васеъи ҳамкорӣ дар самти энергетикаи “сабз”, аз ҷумла сохтмон ва навсозии неругоҳҳои барқии гуногуниқтидор ва ба истифода додани дастгоҳҳои офтобию бодиро муҳокима намуданд.
Эмомалӣ Раҳмон дастгирии молиявии Бонк барои татбиқи лоиҳаҳо дар самти идоракунии захираҳои об, коҳиш додани хатари селу ярч ва ҷалби технологияҳои муосири назорату мониторинг зарур шумурд.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ба тақвияти ҳамгироии нақлиётӣ, рушди инфрасохтори он ва навсозии низомҳои коммуналӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Дар ин дидор ҳамкорӣ барои ҷалби сармояи хусусӣ, рушди шаклҳои инноватсионии маблағгузорӣ ва усулҳои нави молиявӣ аз самтҳои ояндадори робитаҳо номида шуд.