Ширкати S&P рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро “устувор” арзёбӣ кард

Ширкати Standard & Poor’s рейтингҳои қарзии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Агентии рейтингии “S&P Global Ratings” рейтинги дарозмуддат ва кутоҳмуддати соҳибихтиёрии қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар дараҷаи "B/B" бо дурнамои “устувор” тасдиқ намуд. иттилоъ додааст Бонки миллии Тоҷикистон.
Ҳамин тавр, аз рейтинги мазкур бармеояд, ки кишвар пардохтпазир аст ва ба таҳкими нуфузи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷалби сармояи хориҷӣ мусоидат хоҳад кард.
“Ба дурнамои устувор омилҳои зерин, аз қабили муколамаи беҳтаршуда бо шарикони байналмилалӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва афзоиши захираҳои байналмилалӣ, ки имкон медиҳанд кишвари мо уҳдадориҳояшро дар самти хизматрасонии қарзи беруна ва коҳиш додани фишори эҳтимолӣ ба тавозуни пардохт сари вақт иҷро намояд, инчунин таҳкими нишондиҳандаҳои иқтисоди берунӣ тайи солҳои охир ва интизории боқӣ мондани ҳиссаи назарраси қарзҳои имтиёзнок дар таркиби қарзи давлатӣ мусоидат намуданд”, - таъкид кардааст Бонки миллӣ.
Масъулини Бонки миллӣ зикр кардаанд, ки тасдиқи рейтинги мазкур далели эътирофи натиҷаҳои мусбати рушди иқтисодӣ ва идоракунии устувори макроиқтисодӣ дар кишвар мебошад.
Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2014 бо агентиҳои байналмилалии рейтингӣ дар самти таъини рейтинги соҳибихтиёрии қарзии кишвар фаъолият анҷом медиҳад.
Бонки миллӣ гуфт ба тағйирёбии қурби пули миллӣ чӣ таъсир мерасонад
"Standard & Poor’s" ба панҷгонаи агентиҳои маъруфи рейтингии ҷаҳон шомил аст. Ин ташкилот бар асоси созишномаи дуҷониба ҳамасола ба муайян кардани рейтинги мустақили қарзии Тоҷикистон машғул мебошад.
Бар асоси созишнома, агентӣ вазъ дар иқтисод ва сатҳи бехатарии иқтисоди кишварро арзёбӣ мекунад. Гузориши таҳлилии агентӣ оид ба рейтинги додашуда дар робита ба ҷалби сармояи хориҷӣ истифода шуда, дастрасии кишварро ба бозорҳои байналмилалии молӣ боз мекунад.