ДУШАНБЕ, 18 авг — Sputnik. Раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен ва садри аъзами Олмон Фридрих Мертс дар мулоқоти президенти ИМА Доналд Трамп ва Владимир Зеленский дар Кохи Сафед ширкат мекунанд.
Тавре намояндаи ҳукумати Олмон Стефан Корнелиус изҳор дошт, мавзӯъҳои музокироти рӯзи душанбе, масоили амниятӣ, ҷанбаҳои қаламравӣ, ҳимоят аз Украина ва таҳримҳо хоҳанд буд, хабар медиҳад РИА Новости.
Ба гуфтаи фон дер Лейен, Зеленский рӯзи якшанбе вориди Брюссел хоҳад шуд, то бо ӯ дар нишасти интернетии "эътилофи хоҳишмандон" ширкат кунад.
Пас аз нишасти Русияву ИМА дар Аляска Трамп ба раҳбарони аврупоӣ дар бораи натоиҷи он хабар дод.
Ба навиштаи портали Axios, ӯ мехоҳад рӯзи 22 август мулоқоти сеҷонибаи Вашингтон, Маскав ва Киевро ташкил кунад.
Натоиҷи гуфтушунид дар Аляска
Шаби шанбе Путин ва Трамп дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон дар Анкориҷ мулоқот карданд.
Мулоқот дар шакли "се бар се" ду соату 45 дақиқа давом кард. Аз ҷониби Русия дар ин нишаст вазири корҳои хориҷӣ Сергей Лавров ва ёвари президент Юрий Ушаков ширкат доштанд.
Сиёсатмадорон азми ду кишварро барои ба даст овардани натиҷаҳо таъкид намуда, самтҳои зиёди кори муштаракро қайд карданд.
Путин ба ҳамтои худ барои даъват изҳори сипос кард ва ба наздикии Русия ва Иёлоти Муттаҳида, ки онҳоро уқёнус аз ҳам ҷудо мекунад, ишора кард.
Кишвардорон изҳор доштанд, ки омодаанд барои поён додан ба низоъ дар Украина кор кунанд.
Ба гуфтаи Трамп, дар мавриди нуктаҳои муҳими созиш то ҳол созиш вуҷуд надорад, аммо имкони ба даст овардани сулҳ вуҷуд дорад.
Сардори Касри Сафед иқрор шуд, ки мулоқоти навбатӣ дар Маскав барпо мегардад. Ӯ ҳамчунин аз Владимир Зеленский даъват кард, ки бо Русия созиш кунад; имконияти сулҳ аз ӯ ва кишварҳои Урупо вобаста аст.