ДУШАНБЕ, 15 авг — Sputnik. Дар остонаи мулоқоти раҳбарони Русияву ИМА Владимир Путин ва Доналд Трамп дар Аляска, Аврупо ва Киев метарсанд, ки раисиҷумҳури Русия бар раҳбари Амрико пирӯз шавад, омадааст дар матлаб дар рӯзномаи Pais.
"Ҳукуматҳои аврупоӣ ва Киев, ки дар ин нишаст намояндагӣ намекунанд, нафасашонро гирифтаанд. Онҳо метарсанд, ки бар хилофи ваъдаҳои Вашингтон, раисиҷумҳури Русия бар давлати Амрико пирӯз мешавад".
Ба гуфтаи муаллифи матлаб, Урупо аз он ҳарос дорад, ки Маскав ва Вашингтон буҳрони Украинаро бидуни онҳо ҳал хоҳанд кард ва ташдид миёни элитаи ғарбӣ ба муваффақияти нерӯҳои мусаллаҳи Русия дар майдони набард мусоидат мекунад, менависад РИА Новости.
Дар мақола ҳамчунин зикр шудааст, ки Аляска барои мулоқоти Путин ва Трамп бо як сабаб интихоб шудааст, зеро он на танҳо қаламрави собиқи Русия, балки дуртарин иёлати ИМА аз Аврупо ба истиснои Ҳавайӣ мебошад.
Кремл ва Кохи Сафед қаблан эълом карда буданд, ки Владимир Путин ва Доналд Трамп, руасои Русия ва Амрико рӯзи 15 август дар Аляска мулоқот мекунанд.
Чуноне ки Юрий Ушаков ёвари раисиҷумҳури Русия рӯзи панҷшанбе гуфт, мулоқоти раҳбарон дар пойгоҳи низомии Элмендорф-Ричардсон оғоз мешавад.
Ба гуфтаи вай, Путин ва Трамп нахуст мулоқоти як ба як ва сипас бо ширкати ҳайатҳо баргузор хоҳанд кард. Ба ҳайати Русия Сергей Лавров низ шомил аст.
Котиби матбуотии президенти Русия Дмитрий Песков қаблан гуфта буд, ки пешгӯӣ кардани натиҷаҳои нишасти Русияву ИМА дар Аляска кори хато хоҳад буд.