ДУШАНБЕ, 30 июл – Sputnik. Дар шаҳри Истиқлоли вилояти Суғд, сохтмони се корхонаи саноатӣ ҷараён дорад.
Ахиран, раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода аз ҷараёни сохтмони ин корхонаҳо боздид кард, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Ҳамин тавр, дар шаҳри Истиқлол корхонаи нави металлургӣ бо арзиши 50 млн доллар сохта шуда истодааст. Ин ширкат бо сармоягузории Ширкати куҳӣ-саноатии Тоҷикистону Чин сохта шуда, ба коркарди мис, сурб, нуқра ва дигар металҳои қиматбаҳо машғул хоҳад шуд.
Дар ин корхона наздики 300 нафар бо ҷойи кор ва маоши хуб таъмин мегарданд, омадааст дар хабарнома.
Ҳамзамон, дар шаҳр, корхонаи нави “Оҳаки Истиқлол”, дар майдони 55 ҳазор метри мураббаъ бо 55 млн сомонӣ сармоягузорӣ бунёд шуда истодааст.
Ин ҷо барои то 200 нафар ҷойи корӣ муҳайё хоҳад кард. Иқтидори истеҳсолии ин корхона 100 ҳазор тонна оҳаксанг дар як сол буда, маҳсулоти он пурра барои содирот ба кишварҳои Ӯзбекистон ва Қазоқистон нигаронида шудааст.
Дар баробари ин, бино ба гузориши манбаъ, бо иқдоми соҳибкори ватанӣ ва сармоягузории дохилӣ ба маблағи 1,5 млн доллар, корхонаи дигари истеҳсоли оҳак аз ҷониби ҶДММ “Тоҷ-Оҳак” бунёд шуда истодааст.
Иқтидори шабонарӯзии он 100 тонна арзёбӣ гардида, корҳои сохтмонӣ тибқи нақша пеш меравад.
Пас аз шиносоӣ, Аҳмадзода ба роҳбари вилоят барои татбиқи пурраи лоиҳаҳо ба роҳбарияти шаҳр супоришҳо додааст.
Ӯ бар зарурати истифодаи самараноки иқтидорҳо, баланд бардоштани маоши кормандон ва анҷоми саривақтии лоиҳа таъкид намуд.
Ин корхонаҳо дар доираи омодагиҳо ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ амалӣ гардида истодааст.