ДУШАНБЕ, 11 июл — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди вилояти Суғд гардиду нахуст аз ноҳияи Айнӣ боздид карда, якқатор иншоотро ба баҳрабардорӣ расонд.
Муҷассамаи Гулназар Келдӣ
Сафари Раҳмон дар ноҳияи Айнӣ бо ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ оғоз ёфт, хабар медиҳад хадамоти матбуотии раисиҷумҳур.
Ин тандис ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.
Гулгашти Гулназар Келдӣ дар хиёбони Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ ҷойгир буда, масоҳати умумии он бо назардошти иншооти ёрирасон 900 метри мураббаъ аст.
Ифтитоҳи гулгашт ва муҷассамаи Шоири халқии Тоҷикистон Гулназар Келдӣ
Гуфта мешавад, ки президент ба дастандаркорон барои тасвири шоистаи шоир дар муҷассама баҳои баланд дод.
Гулназар муаллифи Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз шахсиятҳоест, ки офаридаҳояш барои наслҳои имрӯзу оянда ҳамчун ганҷинаи адабиёти муосири тоҷик хизмат хоҳад кард.
Гулистон дар Сангистон
Раисиҷумҳур ҳамчунин, дар деҳаи Сангистони ноҳияи Айнӣ бинои нави муассисаи таҳсилоти томактабии №6-и Гулистонро ба истифода доду ба фаъолияти Маҷмааи фарҳангию фароғатии Боғистон оғоз бахшид.
Маҷмааи фарҳангӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд шуда, баъд аз ба фаъолият пардохтани он, дар маҷмуъ 32 сокини бешуғл бо кор таъмин хоҳанд шуд.
Инчунин дар ин деҳа, хатти оби нӯшокӣ барои 500 оила мавриди истифода қарор гирифт.
Президент дар идомаи сафари корӣ ба ноҳияи Айнӣ ба таври маҷозӣ, ба корҳои сохтмонии корхонаи Ҷамъияти саҳомии кушодаи Паҳндара Майнинг оғоз бахшид.
Ҳамчунин ба таври фосилавӣ 3 корхонаи саноатиро мавриди истифода қарор дод.
Бояд гуфт президент бо сафри се рӯза вориди вилояти Суғд гардид. Тибқи нақша президент аз шаҳру навоҳии Айнӣ, Панҷакент, Деваштич, Гулистон, Бобоҷон Ғафуров, Хуҷанд ва Бӯстон дидан карда, иншооти гуногунро ифтитоҳ хоҳад кард.