Маълум шуд, ки Ҷабборов кай бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд

Дар чаҳорчӯби ин сафар қарор аст, ки Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 июл — Sputnik. Президенти Қирғизистон бо сафари давлатӣ ба Тоҷикистон меояд.
Дар ин бора Сағинбек Абдумуталип, мудири шӯъбаи сиёсати хориҷии дастгоҳи раёсати ҷумҳури ин кишвар хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин сафар бо даъвати Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, қарор аст, ки рӯзҳои 8-9 июл доир гардад.
Таъкид мешавад, ки дар чаҳорчӯби ин сафар Ҷабборов бо президенти Тоҷикистон, ҳамчунин бо раисони ду палатаи порлумон ва нахуствазирии кишвар дидору мулоқот мекунад.
Интизор меравад, ки президентҳо изҳороти муштарак қабул ва як қатор санадҳоро имзо кунанд.
"Ғайр аз ин, ҳамоиши иқтисодӣ ва сармоягузории Қирғизистону Тоҷикистон ва ҳамчунин консерти "Дӯстии абадӣ" бо иштироки ҳунармандони ду кишвар баргузор мешавад", - қайд кард Абдумуталип.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷаи кишвар бо ҳамтои қирғизаш Кулубоев сафари дарпешистодаи кишвардори Қирғизистонро баррасӣ карда буданд.
Дар Душанбе Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Қирғизистон доир мегардад
Ҷонибҳо ҳамчунин, аҳамияти иҷрои тавофуқоти ҳосилшуда дар пайи сафари давлатии раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Қирғизистон дар моҳи марти соли 2025-ро таъкид кардаанд.
Ба масъалаҳои анҷоми аломатгузории марзи Қирғизистону Тоҷикистон таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Ба гуфтаи ҷонибҳо, ҳалли ниҳоии марзҳо заминаи субот ва сулҳи пойдор дар минтақа хоҳад шуд.