Крестинин расман сармураббии дастаи "Хуҷанд" таъйин шуд

Мураббии рус дар ин мақом Рустам Хоҷаевро иваз кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 июл — Sputnik. Қарори роҳбарияти клуби футболи "Хуҷанд" оиди таъйиншавии Александр Крестинин рӯзи 3 июл содир шудааст.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон аз ҳукумати вилояти Суғд иттилоъ доданд.
Музаффар Юнусов, сардори Хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Суғд гуфт, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи вилоят Раҷаб Аҳмадзода бо мураббиёни дастаи футболи “Хуҷанд” мулоқот анҷом дод, ки дар канори онҳо Крестинин ҳам қарор дошт.
"Мулоқот дар толори ҳукумати вилояти Суғд доир гардид" - гуфт, Юнусов.
Дар ҷараёни вохӯрӣ иттилоъ дода шуд, ки тибқи қарори роҳбарияти клуб ба вазифаи сармураббии дастаи футболи “Хуҷанд” Александр Крестинин таъйин карда шуд.
Мураббии номдори рус дар гузашта дар чандин дастаҳои лигаҳои олии Қирғизистон ва Ӯзбекистон фаъолият намуда, солҳои охир сармураббии тими миллии Қирғизистон буд ва дар рушди футбол дар минтақа саҳми назаррас гузоштааст.
Рустам Хоҷаев аз "Хуҷанд" рафт ва ҷойяшро сармураббӣ аз Русия мегирад
Раиси вилоят зимни суҳбат ба ситоди мураббиён ҷиҳати беҳтар намудани натиҷаҳо дар мусобиқаҳои дохилӣ ва байналмилалӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Крестинин дар ин мақоми дар "Хуҷанд" ҷойи Рустам Хоҷаевро иваз намуд.