Тими бонувони Кореяи Шимолӣ мунтахаби Тоҷикистонро бо ҳисоби бузург шикаст дод

Нахустин бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё миёни мунтахабаи занонаи Тоҷикистон ва Кореяи Шимолӣ бо бохти бузург тими миллии кишвар анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 30 июн – Sputnik. Ахиран Дар шаҳри Душанбе бозиҳои даври аввали марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2026 байни тимҳои миллии занона дар гурӯҳи “H” анҷом шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар додааст.
Дар даври аввали мусобиқа мунтахаби занонаи Тоҷикистон бо Куриёи Шимолӣ рақобат карда, бо натиҷаи бузурги 0 бар 10 бохт.
Ба иттилои манбаъ, дар рақобати дигари ҳамин гурӯҳ тими миллии занонаи Малайзия бо натиҷаи 1:0 Фаластинро шикаст дод.
Пас аз анҷоми даври аввали марҳилаи интихобии Ҷрми Осиё-2026 дар гурӯҳи "Н", Тоҷикистон дар зинаи охир, Фаластин дар ҷои сеюм ва Малайзия дар ҷои дуюм қарор гирифта, Куриёи Шимолӣ садрнишини гурӯҳ шуд.
Дар Хуҷанд низ Рӯзи футбол бошукуҳ таҷлил шуд
ФФТ таъкид кардааст, ки бозиҳои даври дуюми марҳилаи интихобӣ дар ин гурӯҳ рӯзи 2-юми июл доир мешаванд.
Дар ин давр тими миллии бонувони Тоҷикистон бо Малайзия (соати 22:00) ва мунтахаби занонаи Фаластин бо Куриёи Шимолӣ (соати 19:00) дидор анҷом медиҳанд. Даромад ба ин бозиҳо ройгон ба роҳ монда шудааст.