ДУШАНБЕ, 24 июн — Sputnik. Минтақаи Осиёи Марказӣ ба Эрон хеле наздик ҷойгир аст, аз ин рӯ, таъсири ҷиддии муноқишаи Эрону Исроил метавонад дар ин ҷо эҳсос шавад.
Дар ин бора сиёсатшинос, номзади илмҳои таърих, дотсенти Донишгоҳи давлатии Саратов ба номи Чернишевский, коршиноси Пажӯҳишгоҳи мушкилоти ҷорӣ ва байналмилалии Академияи дипломатии Вазорати корҳои хориҷии Русия Евгений Коренев дар сӯҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иброз дошт.
"Аз нигоҳи низомиву сиёсӣ, бо назардошти вижагиҳои низоъ, чӣ гуна бархӯрд кардани Исроил ба зарбаҳо ва пеш аз ҳама ба кадом объектҳо манфиатдор будани он ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ва бахусус Тоҷикистон, аз эҳтимол дур нест, ки чизе мустақиман таҳдид кунад",- гуфт коршиност.
Аммо ба андешаи ӯ, бо таваҷҷуҳ ба равобити Эрон ва Тоҷикистон аз лиҳози таърихӣ ва солҳои ахир, рӯйдодҳо метавонанд ба иқтисод таъсир расонанд.
"Муносибатҳо бо Исроил барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври анъанавӣ хеле хуб буданд, аммо дар низоъҳо, масалан, бархӯрди арабу Исроил ё вазъ бо Эрон, ҳама давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум ё тарафи бетарафро гирифтаанд ва ё ҳамдардии муайяне, масалан, нисбат ба ин кишвари арабиро изҳор кардаанд", - афзуд Коренев.
Дар ҳамин ҳол, тавре таҳлилгар қайд кард, Тоҷикистон бешубҳа мавқеъи худро нисбат ба дигар кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ қотеъона баён кардааст.
"Душанбе дуруст даъват мекунад, ки ин муноқиша бо роҳи мусолиматомез ҳал карда шавад ва нишон медиҳад, ки ин беҳтарин роҳи ҳалли ихтилофоти мавҷуд байни Исроил ва Эрон аст. Албатта, Душанбе аз ҷониби худ аз Теҳрон ҳимояти муайян дорад, аммо ин дастгирӣ пеш аз ҳама хусусияти сиёсӣ дорад",- мегӯяд сиёсатшинос.
Аммо ба гуфтаи Коренев, "дар воқеиятҳои кунунӣ Тоҷикистон наметавонад ба ҳеҷ ваҷҳ мустақиман ба Эрон кумак кунад".
"Аммо барои Теҳрон дар ин шароит ҳар садое дар шабакаҳои сиёсӣ, шабакаҳои иттилоотӣ, ки шунида мешавад ва ба навъе ба рӯзномаи иттилоотии ҷаҳон таъсир мерасонад, муҳим аст", - хулоса кард ӯ.
Муноқишаи Исроил ва Эрон
Ховари Миёна шаби ҷумъаи 13-уми июн, замоне аланга зад, ки Исроил амалиёти "Хезиши шерро" оғоз кард ва ба Эрон зарба зад.
Бинёмин Нетаняҳу, нахуствазир гуфт, ҳадаф аз ин ҳамла аз байн бурдани таҳдиде аст, ки Ҷумҳурии Исломӣ барои бақои Исроил эҷод мекунад.
Минтақаҳои гуногуни кишвар, аз ҷумла Теҳрон зери тирборони шадид қарор гирифтанд, ки дар он мансабдорони баландпояи низомии Эрон ва як қатор физикҳои ҳастаӣ кушта шуданд.
Ба иншооти атомии ҷумҳурӣ низ зарба зада шуд. Раҳбари олии Эрон Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ ҳамлаи Исроилро ҷиноят хонд ва гуфт, Тел-Авивро "сарнавишти талх ва даҳшатнок" интизор аст.
Дар посух, Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ амалиёти воқеии "Ваъдаи содиқ 3"-ро ба ҳадафҳои низомӣ дар Исроил оғоз кард.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ вазъияти Шарқи Наздикро бодиққат назорат мекунад ва баъзе кишварҳо аллакай ташаббусҳои миёнаравӣ барои гуфтушунид изҳор доштанд. Масалан, президенти Русия Владимир Путин чунин изҳорот дод ва кирдорҳои Исроилро, ки оинномаи СММ ва байналхалқиро вайрон мекунад, маҳкум кард.
Тоҷикистон низ ҳамин гуна мавқеъро пеш гирифт, мақомот дар робита ба талафоти ҷони инсон ба Теҳрон изҳори ҳамдардӣ карданд. Вазорати хориҷаи Тоҷикистон ҳамлаҳои Исроил ба Эронро шадидан маҳкум карда, аз ташдиди таниш дар минтақа изҳори нигаронии амиқ кард.