ФФТ Тоҷикистон ҷоизаи баланд гирифт

Ҷоизаи саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Федератсияи Футболи Тоҷикистон (ФФТ) соҳиби ҷоизаи биринҷии "FIFA Forward Awards" гардид.
Дар ин бора дафтари матбуоти ФФТ хабар дод. Бар хабари манбаъ, ҷоизаи мазкур ба ФФТ дар маросими ҷоизасупории "FIFA Forward Awards", ки дар саммити футболи ФИФА дар Майами баргузор шуд, тақдим гардид.
Манбаъ афзуд, ФФТ - ро дар ин чорабинӣ ноиби президент Искандар Ҷалилов ва котиби генералии ФФТ Фурқат Ахмедҷонов намояндагӣ карданд. Ҷоизаро ба онҳо президенти ФИФА Ҷанни Инфантино супурд.
Зикр гардид, ки ҷоиза саҳми назарраси Федератсияи футболи Тоҷикистонро дар рушди инфрасохтори футбол тавассути барномаи FIFA Forward эътироф мекунад.
Дастаи ҷавонони Тоҷикистон барои дарёфти медали биринҷии CAFA 2025 мубориза мебарад
Бояд гуфт, лоиҳаи маркази техникии дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар Варзоб, ки аз ҷониби Федератсияи футболи Тоҷикистон пешниҳод шуд, ҷойи сеюмро гирифт.
Маркази техникии ФФТ дар Варзоб як маҷмааи замонавӣ барои тамрини тимҳои миллии Тоҷикистон аст, ки тибқи талаботи ФИФА сохта шудааст. Он аз меҳмонхона, майдонҳои табиию сунъӣ ва дигар иншоотҳои ёрирасон иборат мебошад. Кор дар марказ дар арафаи анҷомёбист.