ДУШАНБЕ, 25 май — Sputnik. Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд, дар варзишгоҳи "20-солагии истиқлоли Тоҷикистон" бошукуҳ таҷлил шуд.
Майдони сабзи варзишгоҳ дар ин рӯз пур аз наврасону ҷавонон буд, хабар медиҳад хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Фестивали варзишӣ сокинони синну соли гуногунро гирд овард. Ба гармии ҳаво нигоҳ накарда ҳам калонсолон ва ҳам кӯдакон ба варзишгоҳ омаданд. Аз руи анъана дар минбарҳо парчамҳои Тоҷикистон барафрохта шуданд.
Писарон рост дар майдон машқҳои гармкунии гурӯҳӣ карданд ва баъд аз он ба бозиҳои шавқовар шурӯъ намуданд.
Ҳадафи ин чорабиниҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, таҳкими муносибатҳои дӯстона байни кӯдакон ва баланд бардоштани маҳорати варзишии онҳо мебошад.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли гузашта бо тасвиби қатъномае 25 майро Рӯзи ҷаҳонии футбол эълон кард.
Ин иқдомро раиси Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ, раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ пешниҳод кардааст.