ДУШАНБЕ, 18 май— Sputnik. Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар моҳи март нархи маҳсулоти худро нисбат ба ҳамин моҳи соли гузашта 10,5% боло бурдаанд.
Дар ин бора дафтари матбуои Кумиссиюни иқтисодии Авруосиё хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар муқоиса бо моҳи феврал динамикаи нархҳо бетағйир боқӣ монда, аз аввали сол афзоиш 2,4%-ро ташкил дод.
Дар се моҳи аввали соли 2025 нархи истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ 3,6% ва маҳсулоти чорводорӣ 1,4% боло рафтааст.
Аз ҳама баландтарин болоравии нархҳо дар моҳи март дар Қирғизистон ба қайд гирифта шудааст - 13,1%.
Дар Россия нарҳо 12%, дар Беларуссия 9,7% ва дар Арманистон 6,5% афзуд. Баръакси ин ҳама дар Қазоқистон нархҳо 4,4% арзон шудаанд.
Дар моҳҳои аввали соли 2025 нархҳо дар Русия 12,7%, дар Қирғизистон 10,6%, Беларус 10,1%, Арманистон 4,2% ва дар Қазоқистон 3,7% коҳиш ёфта буданд.
Дар соли 2024 истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзии ИИАО нархҳоро барои маҳсулоти худ 6,4% боло бурда буданд.
Чунончи, дар ФР 8,4%, дар Белоруссия 4,6% афзуд. Дар Қазоқистон нархҳо 1,9%, дар Арманистон 1,7% ва дар Қирғизистон 0,2% арзон шудаанд.
Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё як иттиҳодияи иқтисодии байналмилалии ҳамгироӣ буда, аз 1 январи соли 2015 фаъолият дорад. Узви ин иттиҳодия Русия, Арманистон, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон мебошанд.