Тоҷикистон дар IT парк биржаи криптоасъорро таъсис додааст

Мақомоти Тоҷикистон мегӯяд, тадбири муҳиме, ки барои фароҳам овардани экосистемаи мусоид барои рушди инноватсия анҷом дода шуд, ин таъсиси IT парк будааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 май — Sputnik. Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон Хуршед Файзхуллозода дар суҳбат бо “Ҷумҳурият” гуфт, дар таъсиси IT парк аллакай, 19 резидент ба қайд гирифта шудааст.
Вай афзуд, ки резидентҳо ба платформаҳои байналмилалӣ ворид шуда, тавассути он метавонанд бо шарикони рушд, ширкатҳои бузурги IT ва сармоягузорон мубодилаи таҷриба ва стартапҳои худро муаррифӣ намоянд.
Оқои Файзуллозода ҳамчунин дар ин парк, имтиёзҳои давлатӣ – озод аз пардохтҳои гумрукӣ ва андоз фароҳам оварда шудаанд.
Ҳамчунин мақомдори тоҷик қайд кард, ки IT парке, ки ба наздикӣ таъсис ёфт, дар назди он фаъолияти криптоасъор ва биржа ба роҳ монда шуд.
“Фаъолияти он дар доираи ваколатҳое, ки дорем, аз рӯи реҷаи махсуси озмоиши ҳуқуқӣ (regulatory sandbox) танзим мегардад. Биржаи криптоасъор ба биржаи ҷаҳонии криптодороӣ пайваст шудааст. Тавассути ин биржа барои бонкҳои мо, ки дар ин самт ҳавасманд мебошанд, барои ширкат намудан дар мубодилаи криптодороиҳо имконият фароҳам оварда шудааст”, - гуфт Хуршед Файзхуллозода.
Вай илова кард, ки технологияҳои блокчейн (blockchain) метавонанд соҳаҳои молия ва идоракунии давлатиро ба таври назаррас тағйир диҳанд.
Артиши “Мири мушон”: “Hamster combat” ба куҷо мебарад?
“Ин технология шаффофият, амният ва суръатбахшии муомилотро таъмин мекунад. Дар Тоҷикистон мо истифодаи блокчейнро барои чунин соҳаҳо, аз қабили хадамоти электронии давлатӣ, идоракунии замин ва пайгирии занҷираи таъминот дар соҳаи кишоварзӣ баррасӣ мекунем”, қайд кард Мудири Агентии иноватсия ва технологияҳои рақамии Тоҷикистон.
Вай илова кард, ки Blockchain, инчунин, метавонад барои мушаххаскунии рақамии шаҳрвандон ва ҳифзи маълумот муфид бошад.