Раҳмон дар Паради Ғалаба дар Душанбе ширкат кард

Дар Душанбе чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ғалаба баргузор шуданд. Ба хотираи онҳое, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳалок шуданд, дақиқаи сукут эълон шуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 май — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ифтихори 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ парад ва гузоштани гулчанбар баргузор шуд.
Дар ин бора хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод. Дар маросими таҷлил, ки дар Боғи Ғалабаи шаҳри Душанбе баргузор шуд, президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон иштирок кард.
Сарвари Тоҷикистон бо гузоштани гулчанбар дар назди Оташи абадӣ хотираи қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро гиромӣ дошт.
Раҳмон дар муроҷиат ба мардуми тоҷик таъкид кард, ки Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ яке аз фоҷиабортарин саҳифаҳои таърихи башарият буд, ки дар он беш аз 55 млн нафар кушта ва даҳҳо ҳазор шаҳр тахриб шуданд.
Президент чӣ қадару раисон чанд?: Ҳаҷми кумакпулии куҳансарбозон дар Тоҷикистон маълум шуд
Ӯ ҳамчунин дар бораи оқибатҳои фалокатбори Ҷанги Бузурги Ватанӣ сухан ронда, таъкид кард, ки маҳз дӯстӣ, бародарӣ, ҳамбастагӣ ва дастгирии халқҳои Иттиҳоди Шӯравӣ омили асосии шикасти истилогарон ва пешгирии паҳншавии "вабои фашистӣ дар асри 20" гардид.
Дар маросими гулчанбаргузорӣ ҳамчунин раиси парлумони Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, роҳбарияти сохторҳои қудратӣ, ҳукумат ва созмонҳои собиқадорон, намояндагони Вазорати мудофиа ва Вазорати корҳои дохилии Русия, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ, аз ҷумла сафири Русия Семён Григорев ва фармондеҳии пойгоҳи 201 - уми Русия иштирок доштанд.
Ҳозирон хотираи ҳалокшудагонро бо як дақиқаи сукут гиромӣ доштанд.
Паради Рӯзи Ғалаба дар Тоҷикистон кай баргузор мешавад
Дар солҳои ҷанг аз ҶШС Тоҷикистон қариб 300 ҳазор нафар ба фронт даъват шуда буд, ки қариб 100 ҳазори онҳо ба Ватан барнагаштанд.
Дар байни иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 64 нафар сазовори унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ гардиданд. Барои мардонагӣ ва шуҷоат дар мубориза ба муқобили фашизм 56 ҳазор нафар сокинони Тоҷикистон бо медалу орденҳо ва 15 нафар дорандаи се ордени "Шараф" гардиданд.