Иштироки 100 нафар низомиёни Тоҷикистон дар гузашти низомии 9 май дар Маскав

Як рота иборат аз 100 нафар низомиёни тоҷик дар Маскав барои ширкат дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати солгарди Ғалаба омодагӣ мегиранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik. Дар гузашти низомӣ дар Майдони Сурх ба муносибати 80-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳудуди 100 нафар низомиёни нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сардори маркази матбуоти Вазорати дифои Тоҷикистон Фаридун Маҳмадализода хабар дод.
"Дар Маскав як рота, ҳудуди 100 нафар низомиёни тоҷик ҳастанд, ки барои ширкат дар гузашти низмоӣ дар Майдони Сурх омодагӣ мегиранд", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, нерӯҳои низомии кишварро нерӯҳои ҳавобурди ҳамлагари Тоҷикистон, ки ба ҳайати Нерӯҳои дастҷамъонаи зудамал ва Нерӯҳои зудамали Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ (СПАД) шомил мебошанд, намояндагӣ мекунанд.
Раиси Думаи давлатии Русия аз саҳми бузурги тоҷикон дар Ғалаба ёдовар шуд
Дар моҳи март, дар пайи мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Русия, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, раҳбари Тоҷикистонро барои ширкат дар таҷлили Рӯзи Ғалаба дар рӯзи 9 май ба Маскав даъват кард.
Ҳамзамон маълум шуд, ки як воҳиди нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон дар гузашти низомии рӯзи 9 май дар Маскав ширкат хоҳад кард.