Комиссияи иқтисодии АвурОсиё таъсири ИИАО ба Осиёи Марказиро мусбат хонд

Комиссияи иқтисодии АвруОсиё мегяд, ки ИИАО ба рушди устувори минтақаиҳои АвруОсиё ва кишварҳои Осиёи Марказӣ таъсири мусбӣ мегузорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 28 апр — Sputnik. Равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) ба минтақаҳои ҳамсоя, аз ҷумла Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Дар ин бора вазири иқтисод ва сиёсати молиявии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё (КИАО) Бахит Султонов дар ҷаласаи ЭСКАТО дар Бангкок изҳор доштааст.
Ба гуфтаи оқои Султонов ИИАО ба рушди устувори минтақаи Авруосиё тавассути таъмини ҳаракати озоди молҳо, хизматрасониҳо, сармоя ва қувваи корӣ, рушди ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва ташаккули шабакаи самарабахши нақлиётию логистикӣ мусоидат кардааст.
Дар ҷараёни ҷаласа Бахит Султонов бо муовини Дабири кулли СММ ва Дабири иҷроияи ЭСКАТО Армида Салсия Алисҷаҳбана мулоқот намуда, масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Ҳадафҳои рушди устуворро баррасӣ намуданд.
Новак: Русия омода аст, ба тавсеаи равобит байни ИИАО ва Эрон мусоидат кунад
Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид ҳавасмандии ЭСКАТО-ро ба густариши ҳамкорӣ бо КИАО ва кишварҳои узви ИИАО изҳор намуд.
Ҷонибҳо аҳамияти густариши ҳамкориҳоро барои рафъи чолишҳои муосир ва мутобиқшавӣ ба тағйироти ҷаҳонӣ қайд карданд.
КИАО ва ЭСКАТО ба имзои як ёддошти нави тафоҳум омода мешаванд, ки афзалиятҳо ва ҳадафҳои навшудаи шарикиро дар бар мегирад.