Ба Тоҷикистон дар се моҳи соли равон беш аз шаш ҳазор мошинҳои барқӣ ворид шудааст

Ба иттилои Вазорати нақлиёти Тоҷикистон дар давоми се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 адад мошини барқӣ ворид карда шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Вазорати нақлиёти Тоҷикистон омори дақиқи шумори мошинҳои барқиро эълон кард.
Ба иттилои вазорат, шумораи мошинҳои барқӣ (электромобилҳо, автобусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст, ки ин нисбат ба як соли пеш 9885 адад зиёд мебошад.
Ин ниҳоди давлатӣ қайд кардааст, ки Тоҷикистон хариди мошинҳои барқиро афзоиш додааст.
“Ҷумҳурӣ тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад”, - қайд кардааст вазорати нақлиёт.
Вазорати нақлиёти кишвар зикр кардааст, ки ҳоло афзоиши шумораи нақлиёти "сабз" дар қаламрави давлат вазифаи авлавиятнок эълон шудааст.
Аз ин ба баъд ҳамаи соҳибони мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон ҳангоми бақайдгирии давлатӣ дар БДА бояд рақами давлатии сабз гиранд.
Барои воридоти имтиёзноки мошинҳои барқӣ дар Тоҷикистон шарт гузоштанд
Инчунин вазорати нақлиёт қайд кардааст, ки нақлиёти ҷамъиятии Тоҷикистон низ навсозӣ мешавад.
Ба наздикӣ дар пойтахт микроавтобусҳои барқии истеҳсоли Чин ба кор дароварда шуданд.
Вазорати нақлиёт хабар додааст, ки ширкати "Aкиа Avesto" истеҳсоли намудҳои нави автобусҳои барқӣ ва инчунин тавлиди системаҳои дастгирии батареяро барои мошинҳои барқӣ ба нақша гирифтааст.