ДУШАНБЕ, 2 апр — Sputnik. Қонун дар бораи донистани ҳатмии забони русӣ барои фарзандони муҳоҷир ҳангоми ба мактаб дохил шудан эътибор пайдо кард.
Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар дод.
Дар ин бора раиси Думаи давлатии Русия Вячеслав Володин дар Telegram-канали худ хабар дод.
Ҳамин тариқ, ҳоло барои қабул шудан ба мактабҳо фарзандони муҳоҷирон бояд имтиҳони забони русиро бомуваффақият супоранд ва ҳадди ақал ба 90% саулҳои санҷиш ҷавоби дуруст диҳанд.
Илова бар ин, қонунӣ будани ҳузури онҳо дар қаламрави Федератсияи Русия низ санҷида мешавад.
Раиси Думаи давлатӣ тавзеҳ дод, ки тибқи тартиби нави санҷиши дониши кӯдакони муҳоҷир аз забони русӣ, ки аз 1 апрел оғоз мешавад, барои дохилшавӣ ба синфи 1 бояд ба 9 аз 10 савол ҷавоби дуруст дод.
"Барои қабул ба синфҳои 2-5 ба 18 аз 20 савол; дар синфҳои 6-9 ба 20 аз 22 савол; дар синфҳои 10-11 ба 22 аз 24 савол бояд ҷавоб дод", - гуфт ӯ.
Маврид ба зикр аст, имтиҳони забони русӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ гузаронида мешавад ва тамоми раванд сабти видеоӣ шуда, посухҳои шифоҳии кӯдак дар аудио сабт мегардад.
Дар сурате агар кӯдак аз имтиҳон намегузарад ба ӯ омӯзиши иловагии забони русӣ пешниҳод мешавад ва танҳо пас аз се моҳ дубора имтиҳон месупорад.
Тибқи феҳристи Вазорати маориф, санҷиш дар 3 174 муассисаи таълимӣ гузаронда хоҳад шуд.