Намози ид дар Хуҷанд бо ширкати ҳазорон намозгузор: видео

Рӯзи 30 март, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Тоҷикистон иди Фитр эълон шудааст, дар шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ аз намози дастаҷамъӣ дар масоҷид оғоз шуд
Sputnik
Дар Тоҷикистон моҳи шарифи Рамазон ба поён расид ва сокинони кишвар аз ҷашни деринтизораш таҷлил мекунанд.
Дар масҷидҳои ҷумҳурӣ намози идӣ ба муносибати Иди саиди Фитр баргузор шуд.
Тибқи ҳисобҳои илмӣ, Иди Фитр дар саросари Тоҷикистон имсол ба рӯзи якшанбеи 30 март рост омад.
Тибқи анъана, дар ин рӯз мусалмонон аҳли хонавода ва дӯстони худро бо анҷоми рӯзадорӣ табрик гуфта, дар масоҷиди саросари кишвар намози идӣ мехонанд. Он соати 06:45 ба вақти маҳаллӣ оғоз шуд.
Рустами Эмомалӣ тоҷикистониёнро табрику ба коҳиши исрофкорӣ таъкид кард
Масҷиди Шайх Муслиҳиддини шаҳри Хуҷанд ва назди он саҳни бозори "Панҷшанбе" низ субҳи имрӯз серодам буд.
Тавре хабарнигори Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ҳазорон тан намозгузорони маркази вилоят барои адои намози ид ба ин макон омаданд.
Баробари намоз дар иди саиди Фитр ҳар як фарди бедордил кӯшиш мекунад, ки амали хайре анҷом диҳад, дили ятимону маъюбонро шод гардонад, ба беморон ва оилаҳои камбизоату бесаробонмонда дасти кумак дароз намуда, соҳиби савоб гардад.
Дар арафаи ид ҳам аз ҷониби масъулин ва ҳам раисҷумҳур аз мардум хоста шуд, ки ба исрофкорӣ ва зиёдаравӣ роҳ надиҳанд.
Пулро ба таълими фарзандон сарф кунед: Президент аз мардум хост, дар ид исрофкорӣ накунанд
Анъана ва суннати дигари ин ид ба қавли Эмомалӣ Раҳмон хайру саховат ба ниёзмандону ятимон аст. Дар робита ба ин президент гуфт, додани фитри рӯза ва хайротба ятимону маъюбон, беморону бепарасторон ва оилаҳои камбизоат савоби бештар дорад.