ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Кори иҷлосияи якуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави вакилони мардумӣ, ки рӯзи 2 марти соли равон интихоб шуданд, аз ҷониби вакили аз ҳама калонсол, раиси ҳизби аграрии Тоҷикистон Рустам Латифзода кушода эълон гардид.
Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониаш дар нахустин ҷаласаи тозаинтихоби парлумон аз натиҷаҳои интихобот, ки рӯзи 2 марти соли ҷорӣ дар фазои озоду демократӣ ва шаффоф баргузор гардид, изҳори қаноат намуд.
Вай аз вакилон талаб кард, ки барои амалӣ кардани барномаи пешазинтихоботии худ саъю талош намоянд, зимни қабули қонунҳо ва ҳалли дигар масъалаҳо манфиати ҷомеа, давлат ва шаҳрвандонро меҳвари фаъолияти хеш қарор диҳанд, инчунин барои рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва болоравии сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат содиқона талош намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон иброз дошт, ки ҳайати нави парлумон аз мутахассиси соҳибтаҷриба ва шахсиятҳои обрӯманду шинохтаи ҷомеа иборат мебошанд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки ба ҳайати парлумони нав 18 нафар занон интихоб шуданд ва ин шумора аз вакилони даъвати гузашта 4 нафар зиёд буда, аз иштироки фаъоли онҳо дар корҳои давлативу ҷамъиятӣ ва баланд гардидани мақоми зан дар ҷомеа дарак медиҳад.
Кишвардори Тоҷикистон зимни суханрониаш нақши парлумонро дар амалӣ гардидани ҳадафҳои стратегии кишвар муҳим арзёбӣ кард ва талаб кард, ки фаъолияти парлумон дар ин самт боз ҳам беҳтар гардад.
Президенти дастур дод, ки парлумон ҳамкориро бо мақомоти дахлдор вусъат бахшад.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин ба вакилони парлумон дастур дод, ки ба рақамикунонии фаъолияти худ ва гардиши электронии ҳуҷҷатҳо диққати ҷиддӣ диҳанд.
Раҳбари кишвар таъкид кард, ки вакилон бояд ҳангоми таҳия ва қабули қонунҳо, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳибкорӣ, хусусан, соҳибкории истеҳсолӣ, ҷалби бештари сармоя, иқтисоди рақамӣ ва ҳисоббаробаркуниҳои ғайринақдӣ ба масъалаи механизми мукаммали иҷрои қонунҳо, аз ҷумла асосҳои иқтисодӣ, молиявӣ ва фарҳангии амалишавии онҳо аҳаммияти аввалиндараҷа диҳанд.
Густариши ҳамкории вакилони мардумӣ бо дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ — ҳокимияти иҷроия ва судӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, инчунин, интихобкунандагон амри муҳим дониста шуд.
Эмомалӣ Раҳмон аз вакилон даъват кард, ки дар ҳамаи чорабиниҳои ҷамъиятиву сиёсӣ, корҳои хайру созанда пешсаф бошанд, аз худ фарҳанги баланди сиёсӣ нишон диҳанд, дар риояи қонун, садоқат ба Ватан ва мардуми Тоҷикистон намунаи ибрат ва бо ҳама гуна қонунвайронкунӣ, аз ҷумла коррупсия оштинопазир бошанд.